Фаррух Ҳасановро ҳоло хурду бузурги кишварамон мешиносанд. Ҳунарманди ҷавону соҳибистеъдодест, ки охири соли гузашта тавонист ҳунари худро ба ҷаҳониён шиносонад ва Тоҷикистонро муаррифӣ кунад. Ӯ ғолиби мавсими панҷуми “Ну-ка, все вместе”-и шабакаи телевизионии “Россия-1”-и Россия мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи 25-солаи тоҷик дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!»-шабкаи телевизиони «Россия-1»-и Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гашт. Озмуни мазкур бори 5-ум аст, ки дар шабакаи телевизионии «Россия 1» намоиш дода мешавад. Мавсими навбатии он 8-сентябри соли 2023 оғоз ёфта буд ва Фаррух Ҳасанов дар он маҳорати баланди сарояндагӣ нишон дода, ба финал баромад. Дар даври финалӣ низ ин овозхони ҷавони тоҷик ҳайъати ҳакамонро бо ҳунару маҳорати волояш мафтуни хеш гардонида, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гашт. Овозхонҳои машҳури Русия-Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон ба ҳунари сарояндагии Фаррух Ҳасанов баҳои баланд доданд. Фаррух дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.
Ҳоло Фаррӯх Ҳасановро дар Инстаграм зиёда аз 208 ҳазор нафар ва дар Ютуб зиёда аз 50 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир аз ҷумлаи сарояндагони боистеъдод ва машҳури тоҷик буда, ягона ҳунармандест, ки дар чанд соли охир тавонист дар Кохи Борбад консерти яккаи худро баргузор намояд.
Ба маънои томаш машҳур аст ва ҳамчунин хеле серталошу сермаҳсул. Ба наздикӣ суруди навашро бо номи “Маҷнун” нашр кард, ки намоҳангашро дар Дубай сабт кардааст. Ӯ ба сифати кор таваҷҷуҳи аниқ намуда, маҳсули эҷодаш дар сатҳи баланд қарор дорад. Сурудхониаш ҳам дар сатҳи хеле хуб буда, услуби худро дорад ва замонавӣ месарояд.
Набояд фаромӯш кард, ки Фаррух аз хурдӣ дар роҳи санъат буд. Ӯ ҳанӯз дар 6-солагӣ суруд мехонд. Дар 8 ва 10-солагиаш ба сурудҳояш намоҳанг бастааст. То синфи 6-ум дар мактаби мусиқӣ таҳсил кардааст. Ва ҳатто, дар чанд озмунҳои байналмилалӣ дар Туркияву ИМА ғолиб омадааст. Ҳамчунин, ёд дорем, ки чанд сол пеш Фаррух Ҳасанов дар озмуне бо номи “Садои кӯча”, ки асосан миёни рэпсароён мегузашт, иштирок карда буд ва ба ҳунараш ҳамагон аҳсан гуфта буданд.
Аммо аксар ба назаре ҳастанд, ки Фаррух Ҳасанов пас аз ғолибият дар озмуни “Ну-ка, все вместе” машҳуру маъруф гардид, ки ин то андозае дуруст аст. Зеро дар кишвари мо ва берун аз он Фаррухро маҳз ҳамчун ғолиби чунин озмуни бонуфуз зиёдтар мешиносанд ва ба истеъдодаш қоиланд.
Метавон гуфт, ки озмуни “Ну-ка, все вместе” зиндагии Фаррухро ба тарафи мусбат тағйир дод ва акнун ӯ барои муаррифии кишварамон ҳамчун ҳунарманд имкониятҳои хеле зиёд дорад. Ӯ ғолиб аст ва кореро анҷом медиҳад, ки мақбули мардум мегардад.