Шоми 28-уми ноябр Фаррух Ҳасанов баъд аз пирӯзӣ дар шоу-барномаи «Ну-ка, все вместе!» дар Русия ба Душанбе баргашт.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Фаррухро Хайринисо Юсуфӣ - муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Обид Назариён - муовини якуми вазири фарҳанг, Дилбар Одилзода - муовини раиси шаҳри Душанбе, волидону пайвандон ва ҳаводорони зиёд ботантана пешвоз гирифтанд.
Тавре ҳамагон медонанд, Фаррух Ҳасанов дар бузургтарин озмуни мусиқавии Русия “Ну-ка, все вместе!” миёни садҳо беҳтарин овозхонон ғолибият ба даст овард.
Овозхони ҷавони тоҷик бо касби 98 овоз аз 100 узви доварон дар мавсими панҷуми озмуни овозхонии “Ну-ка, все вместе!” ғалаба ба даст овард ва 5 миллион рубл ҷоизаи асосии ин озмунро гирифт.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни истиқболи овозхон чунин қайд намуданд, «Фаррух Ҳасанов дар оянда ҳамчун чеҳраи намоёни Тоҷикистон соҳаи фарҳанги кишвар, бахусус шаҳри Душанберо муаррифӣ мекунад».
Овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ба даври финалии озмуни телевизионии “Ну-ка, все вместе!”, ки соли панҷум аст, дар шабакаи телевизионии “Россия 1” пахш мешавад, роҳ ёфт. Маҳорати овозхонии Фаррух Ҳасановро аз 100 узви ҳакамони ин озмун 97 нафар писандиданд.
Мавсими панҷуми озмуни “Ну-ка, все вместе!” 8-уми сентябри соли 2023 оғоз ёфта буд. Қоидаи озмуни мазкур чунин аст, ки як сарояндаро 100 нафар аъзои ҳакамон, ки ҳама ҳунармандони саршиносанд, гӯш мекунанд ва дар сурати писандидани иҷрои сароянда ӯро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳар як ҳаками озмун имкони ба довталаб додани як балро дорад. Дар даври гузаштаи озмун Фаррух Ҳасанов 94 овоз гирифта буд. Имсол дар озмуни мазкур сарояндаи тоҷик Зафар Абдуалимов ҳам дар ҳайати ҳакамон қарор дошт, вале мувофиқи шарту талаботи озмун зимни иштироки намояндаи Тоҷикистон ӯ курсии ҳакамиро тарк намуд, зеро Фаррух Ҳасанов шогирдаш аст.
Бори дигар ёдовар мешавем, ки Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, миллаташ тоҷик аст. Ғолибият дар сабқати телевизионии “Ну-ка, все вместе!” шонси ӯро барои фатҳи саҳнаҳои бузурги ҷаҳонӣ зиёд мекунад.
Дар даври ниҳоии озмуни «Ну-ка, все вместе!», ки санаи 24-уми ноябр дар Русия доир гардид, ҳамватани мо Фаррух Ҳасанов бо иҷрои таронаи “Talking To The Moonm” аз эҷодиёти сарояндаи амрикоӣ Бруно Марс пирӯз гашта, ҷоизаи озмун ва панҷ миллион рублро ба даст овард.
Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филип Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.
Фаррух Ҳасанов дар маросими ҷоизагирӣ иброз дошт, ки ин дастоварди худро ба Ватанаш мебахшад.
«Ман бо ин дастовард бори дигар исбот намудам, ки мардуми тоҷик дар ҳақиқат соҳиби фарҳангу маърифати баланд ва маҳорату истеъдоди хосса мебошанд», -гуфт ў .