toyota motors
Фарҳоди Дарё: садое, ки марз надорад
18.04.2026
СИПЕҲР
35

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз яку якбора панҷ дуэти сарояндагони маъруфи Афғонистон – Фарҳоди Дарё ва Ориёно Саид нашр шуд ва ҷаҳони форсизабонро ба ларза овард. Ин панҷ дуэт “Найшакару набот”, “Қарсаки Панҷшер”, “Данга ҷели”, “Ватандорӣ” ва “Духтари Кобул” ном дошта, дар ин чанд рӯз миллионҳо нафар онро дидаву писандидаанд. Фаъолияти ин сарояндагони маъруфи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон низ шуҳрат доранд, баёнгари он аст, ки санъат марз намешиносад...

Чеҳраи дигаре аз Афғонистон

Номи Фарҳоди Дарё барои миллионҳо форсизабон танҳо номи як сароянда нест. Ӯ садое аст, ки аз миёни гирдбодҳои таърих, аз ваҳшати ҷанг, душвориҳои муҳоҷират убур карда ба рамзи умед табдил ёфтааст. Фарҳоди Дарё намоди фарҳангии Афғонистон аст. Садои ӯ метавонад ашк биёрад, дилҳоро гарм кунад, миллатҳоро ба ҳам наздик созад ва муҳимтар аз ҳама умедро зинда нигоҳ дорад. Дар замоне, ки Афғонистон солҳои тӯлонӣ бо ҷанг ва нооромӣ шинохта мешавад, Фарҳоди Дарё чеҳраи дигареро аз ин кишвар ба ҷаҳон нишон дод - чеҳраи фарҳанг, ишқ, мусиқӣ ва инсонгароӣ.

Пайроҳае, ки ба шоҳроҳ бурд

Фарҳоди Дарё 22 сентябри соли 1962 дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Кобул он замон ҳанӯз захмҳои ҷангро дар худ эҳсос накарда буд, як маркази зиндаи фарҳанг ва ҳунар маҳсуб мешуд. Дар чунин муҳит ба воя расидани ӯ таъсири амиқ ба шаклгирии шахсияташ гузошт.

Аз айёми кӯдакӣ, шавқу рағбат ба мусиқӣ дар вуҷуди ӯ пайдо шуд. Дар синни ҳамагӣ чордаҳсолагӣ ӯ нахустин оҳанги худро бар ғазали Мирзо Абдулқодири Бедил - «Ҳам обила ҳам чашм пуроб аст дили ман» эҷод кард.

Фарҳоди Дарё фаъолиятро дар мусиқӣ якбора аз қуллаи баланд оғоз кард, яъне аз эҷодиёти Бедил, ин сафар ӯро ба қуллаҳои баланд бурд.

Дар ин давра Афғонистон зери таъсири мусиқии ҳиндӣ қарор дошт. Фарҳоди Дарё ҳам назди устодон мусиқии классикии форсӣ, мусиқии фолклории ақвоми Афғонистон ва ҳиндиро омӯхт. Аз мактаби суннатӣ гузашта, ба асрори роғҳо (навъи мусиқӣ) ва оҳангҳои қадим ошно шуд. Аммо муҳим он аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳамин доира маҳдуд намонд.

Аз роғ то рок

Мусиқӣ барои Фарҳод Дарё танҳо касб набуд, балки ба маънии зиндагии ӯ табдил ёфт. Ӯ аз ибтидо кӯшиш мекард, ки мусиқиро на фақат ҳамчун санъат, балки ҳамчун василаи гуфтугӯ бо инсонҳо истифода барад. Гуфтугӯе, ки дар ишқ, зебоӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар талқин мешавад.

Ӯ фаъолияти худро аз мусиқии классикӣ оғоз кард. Роғҳои афғонӣ, ки ба фалаки мо монанданд, бо забони форсӣ ва пашту иҷро мекард. Ин дар он шабу рӯз, ки дар Афғонистон оҳангҳои ҳиндӣ маҳбубият доштанд, як иқдоми ҷасурона буд, ки мусиқии классикиро ба мардум наздиктар кард.

Баъдан ӯ ба таҷрибаҳо оғоз кард, аз мусиқии суннатӣ ба поп, аз поп ба рок, аз рок ба мусиқии ҷаҳонӣ. Аммо дар тамоми ин раванди тағйирот як чиз иваз нашуд – пайванд ба решаҳои форсӣ-тоҷикӣ.

Ӯ дар суҳбаташ мегӯяд: «Мехоҳам мусиқии ман пуле бошад миёни инсонҳо.» Ва воқеан, мусиқии ӯ пули мустаҳкаме шудааст, миёни қавмҳо ва миллатҳо.

Сурудҳо аз саҳифаҳои зиндагӣ

Фарҳоди Дарё яке аз камшумор ҳунармандонест, ки қариб ҳар сурудаш хотирае пайванд аст ё ба як марҳилае аз зиндагии ӯ. Дар суҳбатҳо мегӯяд: “Ҳар сурудам саҳифае аз китоби зиндагии ман аст.»

Дар миёни таронаҳои маъруфи ӯ метавон инҳоро зикр кард:

«Ай Ватан месозамат», «Ватан орзуст моро», «Салом алейк», «Дунё гузарон», «Баландиҳо», «Дӯстӣ», «Худо ҳофиз», «Дунёи фонӣ», «Як дона гул», «Қадри ҳамдигар бидонем».

Ин сурудҳо солиёни зиёдест, ки байни мардуми форсизабон шуҳрат доранд. Онҳо фақат оҳанг нестанд, балки паёми сулҳ, ваҳдат, ишқ ва умед мебошанд.

Ишқи Тоҷикистон

Фарҳоди Дарё борҳову борҳо дар суҳбатҳояш гуфтааст, ки ба Тоҷикистон муҳаббати бемисл дорад ва онро Ватани худ медонад. Ӯ борҳо таъкид кардааст, ки Тоҷикистонро «фирдавси рӯи замин» медонад.

Мардуми тоҷик ҳам Фарҳоди Дарёро дӯст медоранд. Дар Душанбе борҳову борҳо консертҳои ӯ баргузор шуда, бо истиқболи гарми мардум рӯ ба рӯ шудаанд.

Фарҳоди Дарё мегӯяд, ки бо мусиқии тоҷик, бо «Шашмақом» ва «Фалак» ва сурудҳои классикиву эстрадии тоҷик аз ҷавонӣ ошно буд.

Соли 2014 дар озмуни байналмилалии «Ҷило» Фарҳоди Дарё соҳиби шоҳҷоиза гардид. Ин на танҳо як мукофот, балки эътирофи пайванди фарҳангии ӯ бо Тоҷикистон буд.

Умед ба оянда

Фаъолияти Фарҳоди Дарё танҳо бо ҳунар маҳдуд намешавад, ӯ як шахсияти иҷтимоӣ аст. Ӯ солҳои зиёд ҳамчун сафири сулҳ бо ЮНИСЕФ ҳамкорӣ кардааст.

Ӯ дар масъалаҳои ҳуқуқи кӯдакон, таҳсили духтарон, сулҳ дар Афғонистон , муқобила бо хушунат садо баланд мекунад.

Ӯ борҳо аз маҳдудиятҳои Толибон нисбати мусиқӣ дар Афғонистон интиқод кардааст ва умед дорад, ки рӯзе дубора дар Кобул озодона суруд хоҳад хонд.

“Зеро фарҳанг дар Афғонистон ҳамеша дар канори мардум ҳаст. Ин як хушбахтии бузург ҳаст. Ва дар миёни ҳама мусиқӣ бузургтарин ва маҳкамтарин василаест, ки метавонад дар хизмати сулҳ қарор бигирад. Дар чунин вазъ ҷои ҳунарманд Афғонистон аст. Дар ҳамин нооромиҳо Афғонистон ба мо ҳунармандон ниёз дорад, то кӯмакаш кунем, ки ором шавад. Ман ҳамин тур мефаҳмам” – мегӯяд ӯ.

Фарҳоди Дарё мегӯяд: «Мусиқӣ пурқувваттарин васила барои наздик кардани инсонҳост.» Ба назари ӯ, мусиқӣ метавонад, фарқиятҳои қавмиро аз байн барад, дилҳоро ба ҳам наздик кунад, сулҳро тақвият диҳад.

Муҳоҷират

Фарҳоди Дарё солҳост дар муҳоҷират ба сар мебарад ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо зиндагӣ мекунад. Вале ӯ дур аз Ватан низ ба тарғиби мусиқии муосири Афғонистон ба ҷаҳон машғул аст.

Имрӯз, дар шароите ки мусиқӣ дар Афғонистон маҳдуд шудааст, садои Фарҳод Дарё бештар аз пеш рамзӣ гаштааст. Ӯ мегӯяд:

«Рӯзе мерасад, ки дубора дар Кобул месароям.»

Ин ғам гузаштанист

Фарҳод Дарё як шахсият нест, балки як падида аст. Ӯ садои як миллат аст. Дар ҷаҳоне, ки ҷудоӣ зиёд аст, ӯ аз ваҳдат месарояд. Дар замоне, ки ноумедӣ ҳукмрон аст, ӯ умед мебахшад. Ва шояд ҳамин аст бузургтарин рисолати ҳунар.

Худаш ҳам месарояд:

Ин ғам гузаштанист, мотам гузаштанист…

Бо хандаҳо дубора ҳаво хуб мешавад.

Эй дӯст, ҳоли кӯчаи мо хуб мешавад.

Бигзор чанд рӯз, ай ёр, чанд рӯз…

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД