Sebiston new 2024 october
Фарҳод Раҳимӣ: Олимони тоҷикро ҷаҳон мешиносанд
724

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир бо дарназардошти таҳияи ҷангҳо ва бархӯрди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо қудратҳои Шарқ дар мисоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин олимони моро водор мекунад, ки ҷиҳати сарнавишти минбаъдаи башар консепсияҳои судманд таҳия намоянд», — зикр намуд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки натиҷаи офатҳои табиӣ, бахусус заминларза дар Сурияву Туркия ва ҳалокати ҳазорҳо нафар ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистонро водор мекунад, ки андар ҷавобгӯ будани биноҳои серқабата ва низоми сейсмикии кишвар тафаккур кунад.

«Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳар бинои серқабата дастгоҳҳои сейсмикӣ насб шудаанд ва бо дарназардошти ин ки Пойгоҳҳои сейсмикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чун пойгоҳи «Симиганҷ» имкон фароҳам меоранд, ки зилзила дар минтақа ва дар ҷаҳон қабл аз ба вуқуъ пайвастанаш омӯхта шавад. Олимони моро дар ҷаҳон мешиносанд ва ҳеҷ ҷойи шубҳа ҳам нест, ки илми тоҷик берун аз марзи Тоҷикистон муаррифӣ нашудааст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ олимони табиатшиноси тоҷик эътироф шудаанд ва табъу нашри мақолоти илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои Ғарб аллакай гувоҳӣ медиҳад, ки воқеан, олимони Академияи миллӣ бо нашри мақолаҳои илмӣ дар ҷаҳон машҳуранд. Дигар расадхонаҳои астрофизикии АМИТ бо фаъолияти густурда илми тоҷикро дар хориҷ аз меҳан муаррифӣ мекунанд ва беҳуда нест, ки ситорае аз осмон бо унвони Тоҷикистон номгузорӣ шудааст», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД