Нигора! Ту дигар кор надорӣ, ки рӯзи дароз дар ба дари мардум гашта, “Фарҳод зан мегирад” гӯён, овоза мекунӣ? Чаро ин қадар ба ман часпида, аз пасам ғайбат карда мегардӣ?
Аслия ин рафторатро фаҳмад, медонӣ чӣ мешавад? Гӯратро зинда ба зинда меканад, аҳмақ! Медонӣ, ки аҳли деҳа аз ту кайҳо безор шудаанд?! Корат танҳо мардумро туҳмат карда гаштан асту халос. «Духтари фалонӣ бо фалонӣ мегардад, фалон мардак зани дуюм гирифтааст, фалон келинчакро шавҳараш талоқ додааст» гӯён, корат танҳо алавмонист. Занҳои шавҳардорро туҳмат мекунӣ, ки бо мардҳои бегона ишқварзӣ мекунанд. Хайрият гӯй, ки дар шаҳр зиндагӣ намекунӣ, вагарна барои туҳматҳоят кайҳо туро ба суд дода, паси панҷара мешинонданд, он вақт оламу одамро мефаҳмидӣ!
Ба қавли кампиракон аввал як бор худатро дар оина бубин, баъд ба ҳоли дигарон биханд. Ба Худо, ки намедонам бо ту чӣ кор кунам, то ин дараҷа морзабону беҳаё шудани духтарро пештар ҳатто тасаввур намекардам. Магар аз Худо наметарсӣ, ки ин қадар одамонро бардурӯғ тӯҳмат намуда, бадном месозӣ?! Медонам, ки аз аввал ошиқи зорам будӣ, вале чӣ кунам, ки дили одамшиноси ман туро қабул накард. Аз дасти ту рақамҳои телефонамро иваз кардам, то дигар бо зангҳои беҳудаат асабамро хароб насозӣ, вале ту ҳеҷ ором нагирифтӣ, ки нагирифтӣ.
Дӯстат намедорам, ҳой духтар ту забони тоҷикиро мефаҳмӣ ё не?! Беҳуда дар бораи арӯси ман ҳар хел овозаю дарвоза паҳн карда нагард, дар ду дунё ман Аслияро монда, туро ба занӣ намегирам! Дигар худатро беҳуда азоб надеҳ ва ба дасти ҳар кас бароям туҳфа нафирист. Беҳтараш туҳфаҳоятро барои домодшаванда дар як кунҷи сандуқ ҷамъ карда мон.
Медонам, ту аз он хавотирӣ, ки ҳама дугонаҳоят шавҳар карда рафтанду бе шавҳар мемонӣ. Дилшикаста набош, рӯзе мерасад, ки ту ҳам бахтатро меёбӣ ва соҳиби шавҳару зиндагии обод мешавӣ. Фақат илтимос, маро ба ҳолам гузор! Бори дигар ба ҳаёти шахсии ман кордор шавӣ, аз худат гила кун, духтар!
Фарҳод, н. Рӯдакӣ