arzon replenishment
Фариза дар се сол се бор ба садама дучор шуд
1603


Фариза Норматоваи 29-сола сокини шаҳри Гулистон (Қайроққум) буда бо 5 кӯдак имрӯз азоби вазнине дорад. Ин ҷавонзан 7 моҳ пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, иҷора менишинад ва ҳатто барои пардохти пули иҷора шароити молӣ надорад. Фариза мегӯяд:

-Ман дар оилаамон фарзанди яккаву ягона ҳастам. Аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки мисли дигар дугонаҳоям акаю апа ва хоҳару додар дошта бошам. Танҳоӣ бароям дилгиркунанда буд. Барои ҳамин баъди оиладор шудан пеши худ мақсад гузоштам, ки фарзандони бисёре ба дунё меорам, то ки мисли ман азоби танҳоӣ накашанд, вале...
Фариза аз шавҳари якумаш бо як духтару як писар ҷудо шуда, ба гуфти худаш дубора оиладор шудан намехостааст, вале ба зани бешавҳар бо назари таҳқир нигаристани ҷомеа ӯро маҷбур кардааст, ки ба шавҳар барояд.
“Гуфта будам, ки фарзандонамро пеши пойи пияндар хор намекунам ва худам кор карда бо меҳнати ҳалол онҳоро ба воя мерасонам, аммо нигоҳи каҷи одамон маро маҷбур кард, ки бо ду кӯдак дубора шавҳар кунам”-мегӯяд ин зан.
70 симро ба рӯяш дӯхтанд
Фариза дар зиндагӣ азобҳои зиёд кашидааст ва мегӯяд, вақте соли 2009 дар роҳи ағба-перевал ба садама дучор шуданд, аз байни як мошин одам танҳо ӯ зинда монд, вале чунон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд, ки табибон аслан ба зинда монданаш умед надоштанд.
“Қисми зиёди устухонҳои бадан ва биниам шикастгиаю рӯям дарида буд, бар замми ин, аз сарам зарбаи сахт хӯрда, чанд шабонарӯз дар ҳолати кома қарор доштам. Як соли умрам дар беморхона гузашт. Табибон ба зинда монданам тамоман умед надоштанд, вале умр дароз бошад, одам бо садамаю ҷароҳат намемурдааст”-мегӯяд Фариза.
Ба гуфти худи Фариза Норматова барои табобати рӯяш 70 адад симро ба рӯяш аз дарун дӯхтаанд, ки ҳоло аз сардии ҳаво симҳо фасод ва зардоб гирифта, сахт азобаш медиҳанд.
Лабу булҷи варамидаи зан аз он шаҳодатмедиҳад, ки дар ҳақиқат ҳолаш табоҳ аст.
Фалокат аз паси фалокат
Фариза соли 2009 дучори садамаи мудҳиш гашта, як соли дароз дар ба дари беморхонаҳо мегашт. Ҳанӯз аз як дард даво наёфта ба сараш боз як фалокати дигар омад ва соли 2010 дар чорроҳаи бозори Панҷшанбе ӯро боз мошин зад. Пас аз ин ҳоиса зан натанҳо дар худи ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар, аниқтараш дар Россия табобат гирифта бошад ҳам, ба пуррагӣ саломатиашро барқарор карда натавонист. “Болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, соли 2011 ба хонаи холааш барои ҳосилғундорӣ рафта болои бом анорчинӣ мебарояд. Вақте ки аз хоши дарах мева канданӣ мешавад, ба ҷои анор тасодуфан дасташ ба сими ваққаи барқ мерасад. Фаризаро барқ чунон сахт мезанад, ки аз бом ба заимн афтида, боз ҷароҳати вазнин мебардорад. Марг гӯё бо ин зан бозӣ мекарда бошад, ар бадали се сол семаротиба бо ҳодисаҳои нохуш рӯ ба рӯ мешавад, аммо шояд худованд ғами фарзандонашро хӯрда, ба ӯ ҷони дубора ато мекунад...
Дугоникҳои норасид ва азобҳои модар
Фариза бо умедбо ду кӯдак дубора оиладор шуд, ки шояд шавҳари наваш сари фарзандони ӯро падарвор сила мекунад, вале ба қавли худаш “Аз зери борон ба таги новадон атид”. Дар давоми 3 соли ҳамзистӣ аз шавҳари дуюмаш ду писари дугоник-Ҳасан ва Ҳесейнро ба дунё оварда бошад ҳам, бахташ омад накард. Тифлакон норасид, яъне ҳаштмоҳа ба дунё омада, як моҳи дароз дар вакум буданд. Фариза дар муддати ин як моҳ он қадар азобҳои сахти рӯҳӣ кашид, ки худаш медонаду худованд. Вай аз он ҳарос дошт, ки дугоникҳояш зинда намемонанд, аммо худованд ғами ин ду тифли бегуноҳро хӯрда ба онҳо гӯё ҷони дубора ато кард...
Тавдили фарзанди 5-ум ва талоқ
Фариза баъди дугоникҳо боз як духтарчаи дигар таваллуд кард, ки ҳоло 8-моҳа аст. Аммо фарзанди хурдии ин зан ба ҷойи кенҷагию эрка будан ҳанӯз замони дар чилла буданаш зиндаятим гашт. Вақте, ки Фариза аз шавҳараш ҷудо шуд, духтарчааш нав як моҳа буд.
Ҳоло се фарзанде, ки Фариза аз шавҳари дуюмаш ба дунё овардааст, ҳадди ақал шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Вай барои табобати духтарчааш қарз гирифта, пастпорти худро ба гарав гузоштаааст. Аз ҳамин сабаб натавонист барои кӯдаконаш шаҳодатномаи таваллуд бигирад.

Ин зан ба кӯмаку дастгирӣ сахт ниёз дорад. Шахсоне, ки ба Фариза Норматова ёрӣ расонидан мехоҳанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд: (92)-739 -1015
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД