Sebiston new 2024 october
Фариштае, ки ошиқи гулҳои Душанбе буд
11.04.2022
Оила
1492

Имрӯз яке аз чеҳраҳои хеле маъруфи эстрадаи тоҷик, сарояндаи фариштарӯю булбуловоз Махфират Ҳамроқулова ҷашни милод дорад. Махфират Ҳамроқулова аз зумраи поягузорони мусиқии эстрадӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушду нумӯъи эстрадаи тоҷик дар замони Шӯравӣ хизматҳои шоиста намудааст.
Махфират Ҳамроқулова санаи 11- апрели соли 1955 дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, меҳри ин шаҳри ҷавони сарсабзу хуррам бо шири модар дар рагу пайвандаш маъво гирифт. Ҳамин буд, ки ҳанӯз аз овони наврасӣ васфи ин шаҳри дилороро мекард.

photo_2022-04-11_11-15-44
Махфират аз замони кӯдакӣ ошиқи санъату мусиқӣ буд ва дар синни 15-солагӣ қадам ба ҷодаи мусиқии касбӣ ниҳода, узви оркестри овозадори “Гулшан” гашт. Ин сарояндаи ҷавон дар як муддати кӯтоҳ бо таронаҳои дилнавозу чеҳраи маъсуми малакутӣ ва садои ширадору табассуми малеҳаш дар дилу дидаи хурду калон маъво гирифт.

photo_2022-04-11_11-14-24

Маъмулан, ҳунармандон вақте шинохта мешаванд, ғурурашон боло мегирад, вале Махфират узви машҳуртарин амсамбли эстрадии Тоҷикистон-Оркестри эстрадии “Гулшан” бошад ҳам, ҳаргиз кибру ғурурро ба худ раво намедид. Ӯ як зани фариштарӯйи самимию заминӣ буд ва пайваста машқ карда, санъату ҳунари худро такмил медод, зеро хуб медонист, ки дунёи мусиқӣ ба мисли кайҳон бе ҳадду канор буда, барои фатҳ намуданаш заҳмати зиёде кашидан лозим аст. Азбаски аз самими дил месуруд, таронаҳояш зуд ба дилҳо нишаста, вирди забони мардум мегаштанд. “Дили манӣ», «Боз бигирям», «Фарёди ишқ», «Сурудам», «Расми оштӣ», «Баҳори лолазори ман», «Тоҷикистон», «Умед», «Соҳиби эъҷоз», «Гули шафтолу», «Лабханди май», «Чашми кӯҳ», «Шаби ошиқон», «Духтари дарё», «Паймон», «Бо ман ҳама баробар», «Хоҳаракам», «Арчаи мо», «Ташна», «Чашми шӯх» аз зумраи беҳтарин таронаҳои Махфират Ҳамроқулова ба шумор рафта, мухлисони зиёде доранд, вале байни сурудҳои ин сарояндаи маҳбуб “Гулҳои Душанбе” мақоми хоса дорад.

photo_2022-04-11_11-15-53

Ин таронаро хурду калон дӯст медоранд, зеро Махфират онро бо меҳру муҳаббати бепоён суруда, он саршор аз меҳру ифтихор бо шаҳри гулпӯши Душанбе аст.

 

photo_2022-04-11_11-15-40
Махфират Ҳамроқулова солҳои 1990 бо оғози ҳодисаҳои баҳманмоҳ бо аҳли хонаводааш ба Русия кӯчид ва пас аз чанд соли дигар ба ИМА сафар намуда, ҳамин тавр муқими Амрико гашт, вале таронаҳояш ӯро абадан азизи дили мардуми тоҷик медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД