gazprom august 2025
«Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
15.09.2025
Oila.tj
54

Нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ»-ро аз чоп баровардааст.

Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, муаллифи «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Алишер Зарифӣ буда, он нахустин фарҳанги нисбатан мукаммал бо забони тоҷикӣ мебошад. Дар он калимаю ибораҳои соҳаи осорхонашиносӣ, ки зарурати шарҳу тафсири онҳо дар Тоҷикистон бештар эҳсос карда мешавад, тафсир ёфтаанд.

- Фарҳанг барои доираи васеи фарҳангшиносон, осорхонашиносон, бостоншиносон, санъатшиносон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва махсусан барои роҳбаладон ва ходимони илмии осорхонаҳои мамлакат пешбинӣ шуда, имконият медиҳад, ки хонанда ба мазмуни истилоҳоти осорхонавӣ ва тобишҳои маъноии онҳо хубтар сарфаҳм равад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД