Фахриддин Багаев, ҳаҷвнигори шинохта, аъзои гурӯҳи замоне овозадори “Арабшо” мебошад, ки солҳои 2003 шуҳрату нуфузи хоса дошт. Аъзоёни гуруҳи мазкур бо ҳаҷву ханда маҳфилҳоро обод гардонида, ба дили ҳаводоронашон шодиву фараҳ мебахшиданд.
“Замоне, ки дар зиндон будам, бисёр мехостам дӯстонам ба хабаргириам биёянд, танҳо ба хотири он ки суҳбат кунему хабарҳо ва навигариҳоро аз берун бароям расонанд”,- гуфт Фахриддин дар барномаи “Ногуфтаҳо”.
-Фахриддин, солиёни дароз аст, ки гуруҳи “Арабшо” пойбарҷост чӣ тавр тавонистед, ки то имрӯз рӯи саҳнаи ҳунар бимонед?
-Соли 1998 вақте дар курси якуми шуъбаи актёрии Донишкадаи санъат таҳсил мекардем, ҳамроҳи Саъдӣ гурӯҳро ташкил кардем ва бо маслиҳати акаи Абдулло, ки шомили гуруҳи “Маҳфило”-ро буданд, номи гуруҳро интихоб намудем. Дар аввал аъзоёни гурӯҳи мо 12 нафар буданд, вале бо баъзе сабабҳо гурӯҳ пароканда шуд. Ҳоло дубора онро сарҷамъ кардам.
-Сабаби парокандашавии гуруҳ дар чӣ буд?
-Бо мо кор карда натавонистанд.
-Фаъолияти шуморо кӣ маблағгузорӣ мекард? Даромади молиявӣ доштед аз баромадҳову консертҳо?
-Бале, баромаду консерту тӯйҳо буданд. Вақте гуруҳро дубора ташкил кардем, дастгириҳо зиёд шуд, телевизион баромадем, барномаҳоямонро пазируфтанд.
-Ёдам ҳаст ҷавони сабзинаи гармчеҳраи бисёр ҷозибанок! Чӣ қадар одамонро ба худ ҷалб мекардед, ки инро ба чашми худ дидам. Чӣ гуна тавонистед, ин қадар ҷозибаро дар худ ҷамъ кунеду нигоҳ доред?
-Устод Соро Музаффаршоева мегуфт, ки вақте ҳунарманд саҳна баромад, бояд чашмонашро кӯр гираду гӯшашро кар гираду барои мухлисонаш ҳунарнамоӣ кунад.
-Солҳои аввал пеш аз баромадан ба саҳна тарсу ҳарос пайдо мешуд?
-Албатта, чунки беихтиёр фикр мекунӣ, ки ягон кас луқма мепартояд, мезанад...
-Масалан, шуморо ягон бор задаанд, агар ҳа, бо чӣ заданд?
-Албатта, бо себ заданд. Боз як бори дигар бо помидор заданд. Шиму кастуми сафед доштам, ҳамроҳи Шаҳриёр Давлатов будам. Надидем, ки кӣ зад. Як бори дигар бо “баклашка” заданд, ки ман онро дар рафти тӯй дар бозиҳо истифода бурдам.
-Боре шудааст, ки ҳангоми гузаронидани маърака контролро аз даст дода бошед?
-Бале, як бор дар ноҳияи Ҳамадонӣ ин ҳолат рух дод. Ҳангоми баромад карданамон оинаи мошинро бо санг зада шикастанд. Вақте аз консерт баромадем, оинаи шикастаро дида, ба назди раиси ҳукумат рафтем. Ба мо кумак карданд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ба додамон расиданд.
-Муддате зиндонӣ будед, чӣ сабаб гашт ва чанд сол ҳукм гирифтед?
-Муддаташ 7 солу 10 моҳ буд. Вақте афви тиллоӣ шуд, ба ин гурӯҳ шомил шудам ва 1 солу ду моҳ дар маҳбас қарор доштам. Аз Роҳбари далват барои афвашон хеле миннатдорам. Сабаби зиндонӣ шуданам мактубҳои консертӣ буд. Мо бо як мактуб дар чанд ноҳия барномаҳои консертӣ мегузарондем.
-Душвор буд дар маҳбас?
-Дувшорӣ дар он буд, ки аз назди оилаву фарзандонат дур ҳастӣ. Маро ҳамчун ҳунарманд эҳтиром мекарданд. Ба ман бовар карда, маро дар нуқтаи супоридани дастовез (дачка) гузошта буданд.
-То ҳол бо ҳамқисматҳоятон робита доред?
-Бале, аксарияташ аллакай баромаданд, занг мезананд.
-Мегӯянд, ки дар он ҷо қонуни зиндагӣ каме дигаргун аст?
-Бале, он ҷо дигар аст. Касе мехоҳад, мехонад, кор мекунад. Устодон аз берун дар соҳаҳои гуногун дарс медиҳанд. Масалан, дузандагӣ, кафшергарӣ ва ғайраҳо. Дар он ҷо боз истеҳсол ҳам мекунанд, мизу курсии мактаб месозанд, кор мекунанд, маош мегиранд. Вале ман дақиқ намедонам, ки чӣ қадар маош доранд. Ба худи ман низ баъди баромаданам занг заданд, ки омада, маошатро гир.
-Дар сохтакории ҳуҷҷатҳо танҳо шуморо гунаҳкор карданд?
-Он ҷо ман чеҳраи асосӣ будам. Ҳаҷми ҷарима, ки 77 500 сомонӣ буд, барои супориданаш ду сол муҳлат доданд. Ҳамагӣ 5500 сомониашро супоридаму дигар натавонистам ва суд ҳукм баровард. Дар як сол ду маротиба бо ҳамсару фарзандонам вохӯрдам.
-Чӣ хел фаҳмидед, ки шумо ба афв афтидед?
-Вақте қонуни афвро хондам, умеде дар дилам пайдо шуд. Духтарчаам занг зада гуфт, ки “дада, пагоҳ навбати мо аст, наздатон биёем?” Гуфтам “не, ман пеши шумо меоям”.
-Чаро бо Шаҳриёри Давлат қаҳрӣ кардед?
-Медонед, дар зиндон ҳамин хел муҳит аст, ки мехоҳӣ ягон касро бубинӣ, бо касоне, ки ҳамкорӣ кардагӣ ҳастӣ, хабарат бигиранд. Медонам, ки ҳамон замон ӯ ҳам мушкилии зиёд дошт ва мо барои ҳамдигар хеле даркор будем... Хулоса, баъд аз баромаданам дар маъракае ҳамроҳ будем, бахшиш пурсида гуфт, ки вазъияти ҳамонвақтаи ман низ мушкил буд.
-Аз рафиқонатон кӣ ба зиндон омад?
-Як рӯз Наврӯз омад, Беҳрӯз, Далер ва бародараш Меҳроб, Муниси Иброҳим ду бор омад. Як рӯз дастовез аз номи Шаҳло ва Баҳодур оварданд. Ҳеҷ гоҳ намегуфтам, ки ба ман дастовез равон кунед. Мехостам дидорашонро бубинам, аз корҳои берунашон пурсам, консертҳо чӣ хел мегузарад. Мақсадам суҳбат кардан буд.
-Ҳоло сафарҳои ҳунариро қатъ кардед?
-Не, агар даъват кунанд, меравам.
-Он нафароне, ки аз консертҳои шумо ҳисса мегирифтанд, чаро онҳоро ба ҷавобгарӣ накашиданд?
-Онҳо ҷаримаи муайяншударо супориданд, аммо ман натавонистам.
-Ҳоло ба чӣ корҳо машғулед?
-Айни ҳол ба тӯю маъракаҳо меравем.
-Чанд фарзанд доред? Онҳо ба касби шумо рағбат доранд?
-Ду фарзанд дорам. Худам намехоҳам, касби маро пеша кунанд. Духтарам духтур ва писарам мехоҳад лётчик шавад.