goodwell
«Эй Зулайхо»-и Қорӣ Шамшод чаро баҳс барангехт?
18.10.2026
СИПЕҲР
103

Навори сурудхонии Шамшод Муҳиддинов, маъруф бо номи Қорӣ Шамшод дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба миён овард. Дар ин навор ӯ бо саллаву риш таронаи маъруфи «Эй Зулайхо»-ро иҷро мекунад. Як гурӯҳ аз корбарон мегӯянд, ки шахси рӯҳонӣ набояд суруд хонад, гурӯҳи дигар баръакс, аз ӯ пуштибонӣ карда, овозхониро мухолифи мақоми рӯҳонӣ намедонанд.

Баҳси нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳанӯз дақиқ нест, ки навор кай ва дар куҷо сабт шудааст. Худи Қорӣ Шамшод низ то замони таҳияи ин матлаб дар бораи баҳси нави шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори назар накардааст. Аммо ин бори аввал нест, ки сурудхонии ӯ баҳс дар бораи муносибати дин ва мусиқиро дар Тоҷикистон зинда мекунад.

Баҳсе, ки аз соли 2018 идома дорад

Соли 2018 низ навори кӯтоҳе аз Қорӣ Шамшод дар интернет хеле паҳн шуд. Ӯ дар он порчае аз суруди маъруфи «Модарам»-и Зафар Нозимро замзама мекард. Он замон низ бархе ӯро барои сурудхонӣ танқид ва бархеи дигар ҳимоят карданд. Қорӣ Шамшод дар посух гуфта буд, мусиқие, ки инсонро ба корҳои ношоиста намебарад ва «дилҳоро нарм мекунад», мамнуъ нест.  

Баъди он баҳс Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ба масъалаи мусиқӣ назар дод. Дар посухи ин ниҳод гуфта мешуд, ки овозхонӣ ва мусиқӣ дар ҷашнҳои шодмонӣ, аз ҷумла тӯйҳо, ҷоиз аст, вале мусиқие, ки ангезандаи шаҳват бошад, макруҳ шумурда мешавад. Бо ҳамин, баҳсе, ки имрӯз атрофи «Эй Зулайхо» шакл гирифтааст, дар асл идомаи ҳамон баҳси чандсолаи ҷомеа дар бораи ҳудуди муносибати рӯҳониён бо ҳунар аст.

Қорӣ Шамшод кист?

Шамшод Муҳиддинов писари сарояндаи маъруфи тоҷик Тоҷиддин Муҳиддин аст. Падараш аз овозхонони шинохтаи эстрадаи тоҷик буд ва солҳои зиёд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва ансамбли «Гулшан» фаъолият кардааст.

Худи Шамшод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Ба нақли ӯ, ҳангоми 12-солагиаш падар аз дунё гузашт. Шамшод баъдан таҳсилро дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон идома дода, онро хатм кардааст. Соли 2018 ӯ имом-хатиби масҷиди деҳаи Дурбати Ҳисор аст.

Дар мусоҳибаҳои баъдӣ ӯ таъкид кардааст, ки меҳри ҳунарро аз муҳити хонаводагӣ гирифтааст. «Шояд аз садои марғуладори падар ба ман низ меросе гузашта бошад», гуфта буд ӯ соли 2019.  

Ҳамон сол, ҳангоми таҷлил аз 70-солагии Тоҷиддин Муҳиддин, Шамшод Муҳиддинов бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» сарфароз шуд. Масъулони фарҳанги Ҳисор гуфта буданд, ки ин унвон барои саҳмаш дар тарбияи насли ҷавон ба ӯ дода шудааст. Дар ҳамон маҳфил Қорӣ Шамшод худ низ тарона иҷро кард.  

Баъдан, дар як мусоҳибаи соли 2022 ӯ ҳамчун корманди Осорхонаи кишваршиносии шаҳри Ҳисор муаррифӣ шудааст. Дар ҳамон суҳбат аз зиндагӣ ва фаъолияти падараш ва сабаби интихоб накардани роҳи овозхонии касбӣ нақл кардааст.

Суруд ё мақоми рӯҳонӣ?

Баҳси нав нишон медиҳад, ки дар ҷомеа то ҳол нисбат ба ҳунарнамоии шахсони рӯҳонӣ назари ягона вуҷуд надорад. Барои як гурӯҳ саллаву минбар бо сурудхонӣ созгор нест. Аммо ҷонибдорони Қорӣ Шамшод мегӯянд, агар матну муҳтавои тарона мухолифи ахлоқ набошад, худи сурудхонӣ набояд сабаби маҳкумият гардад.

Ҳамин ду дидгоҳ ҳоло атрофи «Эй Зулайхо»-и Қорӣ Шамшод бори дигар рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо барои худи ӯ сурудхонӣ падидаи нав нест: дар як сӯ таҳсил ва фаъолияти динӣ ва дар сӯи дигар мероси овозхонии падар - ду бахше ҳастанд, ки солҳо боз дар зиндагии Шамшод Муҳиддинов паҳлуи ҳам қарор доранд.

СИПЕҲР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД