Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки аз офатҳои табиӣ эҳтиёт бошанд.
Кумита дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ боридани борони шадид ва эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад. Хатари сар задани сел махсусан дар навоҳии вилояти Суғд зиёд аст.
Дар ин рӯзҳо эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Хингоб, Қизилсӯ, Ёхсӯ, Сурхоб, Варзоб, Лучоб, Харангон ва Элок бар асари боронҳои сел вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир, кумита аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба лаби наҳру об ва оббозӣ дар дарёву каналҳо худдорӣ намоянд.
Баромадан ба кӯҳҳо, ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш низ дар ин рӯзҳо маслиҳат дода намешавад. Аз сокинони манотиқи кӯҳӣ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд.