Паҳлавонони тоҷик дар риштаи кураш дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 соҳиби ду медал гардиданд.
Дар вазни то 66 кг Ёсин Бобокалонов ба финал роҳ ёфта, дар рақобати ҳалкунанда аз намояндаи Эрон Воҳид Бариманлу шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, Ёсин Бобокалонов соҳиби нишони нуқра гардид. Дар ҳамин вазн паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуров низ ба гирифтани медал муваффақ шуд. Ӯ дар марҳалаи нимниҳоӣ аз ҳамватанаш Ёсин Бобокалонов мағлуб шуда, дар натиҷа нишони биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар вазни то 66 кг-и мусобиқаи кураш соҳиби як медали нуқра ва як медали биринҷӣ шуд.