-Анҷелика, агар ту ҷонамро аз ман хоҳӣ, бароят онро дареғ намедорам, вале ҳайрони онам, ки чи гуна хостгории маро волидайнат қабул мекарда бошанд. Ту худат нағз медонӣ, ки дар ғами ишқат маҷнунаму баробари ҷон дӯстат медорам. Падару модарам ва авлоди ба роҳи Худову расул рафтаам байни оилаҳо фарқият мегузоранд, гӯё оилаҳои ҳозиразамон мусалмон набошанд. Анҷелика шабу рӯз зангам мезанӣ, ки хостгоронамро фиристам.
Падарам ҳамеша «нимбараҳнаро ҳеҷ вақт келин намекунам ва ба хостгорияш намеравам. Мо ҳамроҳи модарат арӯсро аз авлоди худамон интихоб менамоем», - мегӯяд. Ин суханҳо маро сахт ҷигархун намудааст. Назди ту Анҷелика шарм медорам, магар барои эшонзодаҳо дигарон мусалмон нестанд? Ба падари худ гуфтаниам: «Илтимос падар садди роҳи ду дилдода нашавед, ман Алҷеликаамро қуръонхону сатрпӯши авлодамон мекунам».
Дар кунҷи дилам шӯълаи умеде ҳаст ва ман намехоҳам бо шикасту зулм ҷойи равшании орзуҳоямро зулмоти бенур пур кунад. Анҷелика бовар кун, туро касе аз ман ҷудо карда наметавонад, мо худамон тақдири бахти худододамонро бо дасти худ якҷоя месозем.
Шоир беҳуда нагуфтааст:
Чи хуш бин меҳрубонӣ аз ду сар бин,
Ки як сар меҳрбонӣ дарди сар бин.
Агар Лайлӣ дили шӯридае дошт,
Дили Маҷнун аз он шӯридатар бин.
Убайдулло н. Ҳисор