toyota motors
Эрон ва Амрико оташбаси дуҳафтаина эълон карданд
97

Бо миёнаравии Покистон Эрон ва Амрико ба мувофиқа расида, оташбаси дуҳафтаина эълон намуданд.

Президенти Амрико Доналд Трамп аввалин шуда аз оташбас хабар дод ва дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навишт, ки бо пешниҳоди Покистон ба шарти кушода шудани гулӯгоҳи “Ҳурмуз” ба оташбас розӣ шудааст. Трамп эълони оташбасро ҳамчун далели пирӯзии худ маънидод намуда, гуфтааст, ки Амрико ба ҳамаи ҳадафҳои низомии худ қариб расидааст.

“Мо аз Эрон пешниҳоди 10-бандие гирифтем ва боварӣ дорем, ки он заминаи амалие барои музокирот аст. Муҳлати дуҳафтаина имкон медиҳад, то созиш ниҳоӣ ва қатъӣ шавад”,- навиштааст Трамп.

Шурои олии амнияти миллии Эрон дар изҳороти худ гуфтааст, ки эълон кардани оташбаси дуҳафтаина маънои хотима ёфтани ҷангро надорад. Тибқи изҳороти ин ниҳод, Амрико пешниҳоди 10-бандии Ҷумҳуриии Исломиро қабул кардааст, ки дар он як қатор уҳдадориҳо, аз ҷумла ҳамла накардан ба Эрон, бекор кардани таҳримҳо ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа матраҳ шудаанд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки кишвари Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро зери назорати худ нигоҳ медорад ва масъалаи ғанисозии ҳастаӣ низ қабул шудааст.

Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа, 10-уми апрел дар Покистон сари мизи музокира менишинанд. Эрон барои музокирот ду ҳафта вақт ҷудо кардааст, вале бо мувофиқаи тарафҳо вақти музокирот метавонад дароз карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД