Commerc banl
Эрон ба Консулгарии Амрико дар Дубай ҳамла карду Амрико ба Дабирхона ва Маҷлиси хибрагони Эрон
04.03.2026
Оила
67

Эрон ба Консулгарии Амрико дар Дубай ҳамла карду Амрико ба Дабирхона ва Маҷлиси хубгарони Эрон

Харобиҳо дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон торафт меафзоянд. Шаби гузашта Эрон ба бинои Консулгарии Амрико дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҳамлаи паҳподӣ анҷом дода, дар натиҷа сӯхтор сар задааст. Аммо ҳукуматдорони Дубай гуфтаанд, ки сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, касе ҷароҳат набардоштааст.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои эронӣ аз ҳамлаи мушакии Амрикову Исроил ба дабирхонаи Маҷлиси хибрагон дар шаҳри Қум ва бинои дабирхонаи Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон дар Теҳрон хабар доданд. Маҷлиси хибрагон масъулияти таъин намудан, аз кор гирифтан ва назорат бар раҳбари Эронро бар ӯҳда дорад ва тибқи навиштаи расонаҳои эронӣ бо сабаби қадимӣ будани бинои Маҷлиси хибрагон дар он ҷаласаҳо баргузор намегаштаанд. Зимни ҳамла ба ин бино касе осеб надидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД