Formula september
Эродгирии хушдоман ба келин душманӣ не, тарбият аст
29.06.2024
ОИЛА.ТҶ
209

Дар меҳмонии гўшаи “Маслиҳати хушдоман” Озодамоҳ Одинаева, сокини ноҳияи Муъминобод қарор доранд, ки феълан дар шаҳри Южно-Сахалински Федератсияи Русия кору фаъолият мекунанд.

Фикру андешаҳои Озодамоҳ дар мавриди дахолати калонсолон ба зиндагии оилаҳои ҷавон чунин аст:

- Ба фикри ман ягон падару модар намехоҳад, ки дар хонаводаи ў ҷангу ҷанҷолу пархош бошад. Волидайн новобаста аз характеру табиат, ҳамеша хоҳони хушбахтии фарзанди худанд. Солорҳои оила ҳаргиз бар зарари ҷавонҳо гап намезананд, агар онҳо роҳу равиши зиндагиро омўзонанд ё ба ягон кори келину домод эроди дилсўзона гиранд, ин ҳаргиз дахолат нест.

Мутаассифона, имрўз ҷавонони мо насиҳати калонсолонро нодуруст қабул мекунанд. Аксари ҷавонони озод ба воя расида аз оддитарин маслиҳат меранҷанд, дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ ин хел нест. Калонсолон баракати оила, манбаи панду насиҳат ва таҷрибаи зиндагӣ ҳастанд. Ҷавонон бояд нозукиҳои зиндагиро аз калонсолон омўзанд ва аз роҳнамоиву маслиҳати эшон ҳаргиз хафа нашаванд.

Суҳбати ЛОЛА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД