Имрӯз, 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе музокироти сарони ду кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гашт.
Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат рушди рӯзафзуни равобити Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, амният ва ҳамкориҳои байналмилалӣ махсус қайд намуданд. Дар посух Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия Тоҷикистонро шарики боэътимод мешуморад ва ҳамкориҳо бо ин кишвар барояш хеле арзишманд мебошанд.
- Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки натоиҷи музокирот ба таҳкими равобити дуҷониба ба нафъи мардуми ду кишвар мусоидат намуда, ба рушди ҳамкориҳои минбаъда такони нав хоҳад бахшид,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон.