formula feb 2025
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров созишномаи марзиро ба имзо мерасонанд
205

Пагоҳ, 12-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар хоҳанд кард. Дар ҷараёни сафар сарони ду давлат созишномаро дар бораи марзи ду кишвар ба имзо мерасонанд.

Тавре "24KG" дар такя ба гуфтаҳои Муротбек Азимбоқиев, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар додааст, дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Содир Жапаров ҳамчунин имзои як қатор санадҳои муҳим бо раиси парлумон Нурланбек Турғунбек ва раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев пешбинӣ шудааст.

Сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон 2 рӯз - 12-13-уми март идома меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД