toyota motors
Эмомалӣ Раҳмон соҳиби унвони “Профессори фахрии Донишгоҳи Пекин” гардиданд
9

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Донишгоҳи Пекин, ки яке аз бонуфузтарин марказҳои илмию таълимии Осиё ва ҷаҳон ба шумор меравад, боздид намуда, соҳиби унвони баланди профессори фахрӣ гардиданд.

Ин рӯйдод на танҳо ифтихори илми тоҷик, балки муаррифии сазовори Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мебошад.

Қарори Шурои илмию таълимии Донишгоҳи Пекин дар бораи сарфарозгардонии Сарвари давлати Тоҷикистон бо унвони профессори фахрӣ эътирофи дастовардҳои 35 соли Истиқлоли Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин эътироф бар пояи се рукни муҳим такя мекунад:

1. Ташаббусҳои глобалии сатҳи Созмони Милали Муттаҳид. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон пешниҳодкунанда ва пешбарандаи қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гардид.

2. Эҳёи мероси таърихии «Роҳи бузурги абрешим». Суханронии Пешвои миллат дар бораи «Номаҳои кӯҳна»-и суғдӣ ва бозёфтҳои хаттии қадимӣ дар девори бузурги Чин аз он шаҳодат медиҳанд, ки истиқлолият имкон дод, то саҳифаҳои таърихи пурифтихори халқи тоҷик дубора бозкушоӣ шаванд.

3. Дастовардҳои мушаххаси илмию таълимӣ. Давоми 35 сол беш аз 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон донишгоҳҳои Чинро муваффақона хатм карда, ҳоло 40 ҳазор нафар дар 47 кишвари дунё таҳсил мекунанд, ки ин нишондиҳанда дар минтақа беназир аст.

Дар фазои тантанавии солгарди Истиқлол сафари давлатии Пешвои миллат ба Чин ва сарфарозгардонии Роҳбари давлати мо бо унвони илмӣ амалан натиҷаи равшан ва мушаххаси рушди равобити дуҷониба мебошад.

Дар замони Истиқлоли давлатӣ 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай гардида, дар 13 донишгоҳи мо забони чинӣ омӯзонида мешавад.

Тасмим барои таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон, ки дар ҳошияи ин сафар ба имзо расид, шаҳодати эътимоди пайвастаи ҷониби Чин ба низоми маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ин ҳамкорӣ махсусан дар бахшҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди зеҳни сунъӣ Тоҷикистонро дар масири саноатикунонии босуръат ва иқтисоди рақамӣ устуворона пеш мебарад.

Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи тайкардаи миллати тоҷик дар даврони истиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат роҳи эҳёи илму фарҳанг, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва обрӯи ҷаҳонии давлатдории навини мост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД