arzon replenishment
Эмомалӣ Раҳмон Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардиданд
30.08.2024
ОИЛА.ТҶ
514

Дар доираи баргузории нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 29-уми августи соли 2024 бо иштироки намояндагони 62 кишвари олам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Президенти ифтихории Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ интихоб гардиданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар иттилоъ дода, ҳамзамон афзуд, ки имрӯз, 30-юми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, нахуст дар ошёнаи дуюми Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи обии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз осорхонаи навтаъсис боздид намуданд.

Дар осорхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих ва дастовардҳои соҳаи варзиши гӯштингирӣ то замони Истиқлол ва баъди истиқлоли давлатӣ муаррифӣ карда шуд.

Сипас, Президенти кишвар дар толори бошукуҳи маҷмааи варзишӣ дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бо Паёми шодбошӣ суханронӣ намуданд.

- Дар толор 3000 нафар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзишӣ, меҳмонон ва варзишгарон - намояндагони 63 давлати ҷаҳон ҳузур доштанд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии давлатии соҳаи варзиш, рушди бахшҳои мухталифи он, бахусус гӯштингирӣ ва аҳамияту афзалияти баргузории чунин ҳамоишҳои бошукуҳи варзишӣ андешаронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи меҳмонон, варзишгарон ва дигар иштирокдорони чорабинии бошукуҳи варзиширо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар аз таърихи бою қадимаи намуди суннатии варзиши мардуми тоҷик - гӯштингирӣ, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, ёдовар шуда, оид ба дастгирии давлатии он андешаронӣ намуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД