Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи СПАД ба Маскав рафтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10-уми ноябр, барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба шаҳри Маскави Русия сафар карданд.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, котиби Шӯрои амният, вазири мудофиа, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон баррасӣ шаванд.