Formula novemver 2024
ЭЪЛОНИ САНАИ ДАҚИҚИ ОҒОЗИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН
1695

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи рамазонро эълон кард.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, расман: 13-уми апрел - оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аст.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.

Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД