Arzon march 2024
Ёфтани ҷавоҳироти тиллоӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
3161


Шаби гузашта хоби аҷибе дидам. Дар хобам як мушт ҷавоҳироти тиллоӣ ёфтам, вале баъд зане пайдо шуда гуфт, ки зару зеварашро гум кардааст.

Ман ҷавоҳироти ёфтаамро ба соҳибаш баргардонидам ва баъди рафтани зан тасодуфан чашмам ба як чизи дурахшон афтид. Хам шуда онро аз даруни лой бардоштам ва дидам, ки гӯшвораҳои қиматбаҳо ва қадимаи тиллоист. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Маҳина, муштарии Оила. ТЧ

Посух

Ҷавоҳироти тиллоӣ дар хоб рамзи барор, боигарӣ ва хушбахтии оилавӣ аст. Зан ё духтари муҷаррад хоб бинад, ки касе ба ӯ зару зевар туҳфа кардааст, ба марди сарватманд, аммо хасис ба шавҳар мебарояд. Хоб бинед, ки тасодуфан аз куҷое ҷавоҳироти тиллоӣ ёфтаед, коре, ки ба тозагӣ оғоз намудед, барор гирифта, ба шумо даромади хеле калон меорад.

Кас хоб бинад, ки тилло кофта истодааст, туфайли дониш, истеъдод ва кӯшишу талоши худ ба зинаҳои баланд расида, бою бадавлат хоҳад шуд.

Аммо гум кардани ороишоти тиллоӣ дар хоб маънои онро дорад, ки тақдир барои хушбахт шудан ба шумо шанси хубе медиҳад, вале бо сабаби бепарвоӣ ва ноӯҳдабароии худатон шумо онро аз даст дода метавонед.

 

Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёткор бошад, вақте ки ба ӯ ягон пешниҳоди хуби хонадоршавӣ ё кори навро медиҳанд, дарҳол рад накарда, фикр кунад, ки дар сурати қабул кардан дар ҳаёташ чи тағйиротҳои мусбӣ ба амал омада метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД