toyota motors
Ёде аз доҳии бузург
137

22-юми апрел рӯзи таваллуди яке аз шахсиятҳои таъсиргузори асри ХХ Владимир Илич Ленин аст. Ӯ соли 1870 дар шаҳри Симбирски (Уляновск) Империяи Русия ба дунё омада, бо андешаву фаъолияти инқилобии худ ба тағйироти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ замина гузошт.

Ленин роҳбари асосии Инқилоби Октябр буд, ки дар натиҷаи он ҳокимияти подшоҳӣ барҳам хӯрда, давлати нави сотсиалистӣ - Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт. Ӯ ҳамчун асосгузори аввалин давлати коргару деҳқон шинохта мешавад. Назарияҳои ӯ, ки бар пояи таълимоти Карл Маркс ва Фридрих Энгелс бунёд ёфтаанд, дар ташаккули идеологияи коммунистӣ нақши калидӣ бозиданд.

Аз ҷумлаи хизматҳои муҳими Ленин метавон таъсиси давлати нав бо сохтори сиёсиву иқтисодии дигар, дастгирии ҳуқуқи табақаҳои камбизоат, рушди маориф ва саноат, инчунин кӯшиш барои баробарии иҷтимоиро ном бурд.

Имрӯзҳо ба шахсияти Ленин дар ҷаҳон ба таври гуногун назар мекунанд. Дар баъзе кишварҳо ӯ ҳамчун қаҳрамони мубориза барои адолати иҷтимоӣ ва озодии мардум муаррифӣ гардида, нақши ӯ барои таърихи сиёсии асри ХХ бебаҳо арзёбӣ мешавад.

Дар Тоҷикистон низ ёдгориҳои зиёде ба номи Ленин вуҷуд доранд. Аз ҷумла, нимпайкараи бузурги ӯ дар шаҳри Истаравшан, ки миëнаи солҳои 1960-1970 дар соҳили обанбори Зарринрӯд бунёд шудааст, яке аз калонтарин нимпайкараҳо дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ин ёдгорӣ имрӯзҳо таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони дохилу хориҷро ба худ ҷалб кардааст. Солҳои зиёд назди нимпайкараи мазкур рӯзи тӯй арӯсу домод омадаву дар мавзеи дилфиреби ин ҷо аксбардорӣ мекарданд.

Дар бораи нимпайкараи Ленин дар Истаравшан чанд сол қабл Михаил Ширвиндт дар барномаи "Хочу знатъ"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия қисса карда, онро яке аз нимпайкараҳои бузурги ҷаҳон номида буд. Табиати зебову дилфиреби ин имкон ва мавҷуд будани ёдгории таърихие чун нимпайкараи Ленин дар ин мавзеъ имкон фароҳам меорад, ки ҷалби сайëҳони хориҷӣ зиëд гардад, зеро афроде, ки орзуи дидани чунин муъҷизаҳоро доранд, хеле зиëданд.

Бояд гуфт, ки нимпайкараи бузурги В. И. Ленин аз ҷониби ҳайкалтароши Литва, ки он замон дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекард, сохта шудааст. Дарозии дасти нимпайкара тақрибан се метр ва ангушонаш якметрӣ буда, то расидан ба он мебояд 410-420 зинаро тай намуд.

Владимир Илич Ленин 21-уми январи соли 1924 дар синни 53-солагӣ дар натиҷаи бемории вазнини мағзи сар (пас аз чанд сактаи мағзӣ) аз олам даргузашт.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД