sebiston july new
ЁДАТ БА ХАЙР, АҲМАДШОҲ УЛФАТШОЕВ
4074

Аҳмадшо Улфатшоев- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон чанд лаҳза пеш дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе  аз дунё даргузашт...

Дар ин бора яке аз корбарони фаъоли сомонаи фейсбук Лутфуллои Азиз хабар додааст.Ин устоди бузурги санъати тоҷик дар бемористони Қарияи боло аз бемории фалаҷ вафот кардаанд.

Аҳмадшо Улфатшоев 30-юми сентябри соли 1945 дар н. Дарвоз дида ба дунё кушодааст. Фаъолияти ҳунарияшро ба сифати актёри театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1975 оғоз бахшида, то дами марг дар ҳамин даргоҳ заҳмат кашидааст. Дар намоишномаҳои «Рӯдакӣ», «Рустам ва Суҳроб», «Дохунда», «Баҳроми Чӯбина», «Сомонхудот», «Шамъи маърифат», «Борбад», «Алломаи Адҳам», «Зардушт», «Бой ва хизматгор», «Медея», «Шоҳ Лир», «Ишқи араб» ва ғайра бо ҳассосияти волову маҳорати худодода нақш офаридааст. Дар синамо низ ҳунараш дурахшон ҷило додааст. Ёдаш ба хайр...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД