10-уми июни соли 2026 актрисаи маъруф, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Людмила Чурсина дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. Сарнавишти ин ҳунарпешаи бузург ба Тоҷикистон пайванд аст, зеро ӯ зодаи кишвари мо мебошад.
Кӯдаки замони ҷанг
Сарнавишти Людмила Чурсина аз рӯзҳои фоҷиабори Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз мешавад. Моҳи июли соли 1941, вақте нерӯҳои Олмони фашистӣ ба минтақаи Великие Луки наздик мешуданд, модари ӯ маҷбур шуд ватани худро тарк кунад. Модари ӯро ба Сталинобод фиристоданд. Ҳамин тавр, Людмила Чурсина дар Тоҷикистон таваллуд шуда, як муддат дар ин ҷо зистааст.
Дар кӯдакӣ Людмила Чурсина орзуи ҳунарпеша шуданро надошт. Ӯ мехост муҳандис шавад, ҳавопаймо созад ё дар киштӣ кор кунад.
Пас аз хатми мактаб бо медали тиллоӣ соли 1959 ба Маскав рафт, то ба Институти авиатсионии Маскав дохил шавад. Аммо тақдир роҳи дигареро барои ӯ интихоб кард.
Ба гуфтаи худи Чурсина, ӯ «барои ҳамроҳии дӯсташ» имтиҳонҳои донишкадаҳои театриро низ супурд. Дӯсташ қабул нашуд, аммо худи Людмила ба Омӯзишгоҳи театрии ба номи Борис Шчукин дохил гардид. Ин рӯйдод сарнавишти тамоми зиндагии ӯро тағйир дод.
Ситораи синамо
Ҳанӯз донишҷӯ буд, ки аввалин бор дар кино ҳунарнамоӣ кард. Соли 1961 дар филми машҳури «Когда деревья были большими» нақши Зояро бозид. Баъди хатми донишгоҳ бо дипломи аъло ба Театри академии ба номи Вахтангов қабул шуд. Вале маҳз кино ӯро машҳур кард. Соли 1964 нақши Даря дар филми «Повести Дон» барои ӯ муваффақияти калон овард. Баъдан як қатор нақшҳое офарид, ки ӯро ба яке аз ситораҳои асосии кинои шӯравӣ табдил доданд: Даря дар «Повести Дон», Виринея дар филми «Виринея», Анфиса дар «Угрюм-река», Марфа дар «Журавушка», Олеся дар филми «Олеся», Татяна Власенкова дар «Открытая книга», Екатерина дар «Долгая дорога в дюнах».
Филми бисёрсериягии «Угрюм-река» ба яке аз муваффақтарин филмҳои замони худ табдил ёфт. Миллионҳо тамошобин маҳз тавассути ин нақш бо истеъдоди Людмила Чурсина ошно шуданд.
Барои нақшҳо дар филмҳои «Виринея», «Журавушка» ва «Угрюм-река» ӯ соҳиби Ҷоизаи давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевҳо гардид.
Яке аз лаҳзаҳои муҳимтарини фаъолияти ҳунарии ӯ ба ҷашнвораи байналмилалии кинои Сан-Себастян марбут аст. Филми «Журавушка» дар ин ҷашнвора муваффақ шуд ва Людмила Чурсина соҳиби ҷоизаи «Садафи нуқрагин» ҳамчун беҳтарин ҳунарпеша гардид. Ҷолиб он аст, ки ҷоизаро шахсан ҳунарпешаи афсонавии Ҳолливуд Одри Ҳепберн ба ӯ супурд.
Эътироф
Гарчанде кино ба ӯ шуҳрат овард, худи Чурсина театрро хонаи аслии худ медонист. Ӯ дар Театри Вахтангов, Театри драмаи ба номи Пушкин дар Ленинград ва баъдан дар Театри Артиши Русия фаъолият кард. Аз соли 1984 то охири умр дар Театри марказии академии Артиши Русия ҳунарнамоӣ намуд. Дар саҳнаи театр образҳои классикии зиёдеро офарид. Гуфта мешавад, ки теъдоди нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр беш аз 100 адад аст.
Людмила Чурсина аз ҷумлаи камтарин ҳунармандоне буд, ки хеле ҷавон соҳиби унвонҳои баланд гардид. Соли 1981 ба ӯ унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Дар маҷмӯъ беш аз 100 нақш дар кино ва даҳҳо нақши театрӣ офарид. Ӯ ҳамчунин дар садогузории филмҳо фаъолона иштирок мекард ва овозаш барои чандин насл ошно буд.
Зиндагии шахсӣ
Людмила Чурсина се маротиба издивоҷ кард. Шавҳари аввалаш коргардони маъруф Владимир Фетин буд, ки дар филмҳои «Повести Дон» ва «Виринея» бо ӯ ҳамкорӣ дошт. Шавҳари дуюмаш олими уқёнусшинос Владимир Залитис ва шавҳари сеюмаш дипломат Игор Андропов - писари роҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Юрий Андропов буд. Фарзанде надошт. Баъдтар худи ӯ гуфта буд: «Нақшҳоям фарзандони мананд».
Солҳои охир ҳунарпеша бинобар беморӣ камтар ба саҳна мебаромад. Бо вуҷуди ин, то охир ба театру санъат содиқ монд. 10 июни соли 2026 Людмила Чурсина дар Санкт-Петербург баъди беморӣ аз олам даргузашт.
Пайванди абадӣ бо Тоҷикистон
Ҳарчанд тамоми фаъолияти ҳунарии Людмила Чурсина берун аз Тоҷикистон гузаштааст, номи ӯ барои тоҷикон бегона нест. Зеро дар рӯзҳои сахти ҷанг маҳз Сталинобод ба модару кӯдаки навзод паноҳ дод ва дар ҳамин шаҳр таваллуди ӯ расман сабт гардид.
Аз ин рӯ, ҳар боре ки аз Людмила Чурсина ёд мекунем, дар баробари ситораи бузурги театру кино, ҳамчунин аз шахсе ёд меорем, ки сарнавишташ бо Тоҷикистон пайванди ҷудонашаванда дорад. Ӯ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст, аммо дар як мусоҳибааш аз он афсӯс хӯрдааст, ки боре ҳам дар “Тоҷикфилм” имкони нақшофарӣ ба ӯ даст надод.
СИПЕҲР