Sebiston new 2024 october
Ё СТАРЕКСҲОРО БАРДОРАНД Ё МАРДУМ МАДАНИЯТРО РИОЯ КУНЕД
2545

 

Ман як шаҳрванди пойтахт ҳастам, ки ҳамарӯза ҳангоми ба ҷойи кор рафтанам аз чандин хатсайри мусофирбар истифода мебарам.

Маро бемаданиятиву рафтори ғайриинсонии баъзе ҳамватанонам дар дохили мусофирбар ба шигифт меорад. Аслан нишастгоҳҳои нақлиёти старексҳои мусофирбар барои се нафар пешбинӣ шудааст, вале ронандаҳои мо чор нафариро шинонида, фикр намекунанд, ки ҳоли мусофирон дар дохили нақлиёти танг, хусусан дар тобистон чӣ мешавад. Масалан, нафаре дохили нақлиёт мегардад, ки ниҳоят бузургҷусса асту дар ҷои ду кас мешинад, нафари дигар базӯр чорқад шуда дар миёни он се нафар то истгоҳи даркорияш меравад. Занҳои зиёдеро мебинам, ки фарзандонашонро дар паҳлӯи худ мешинонанд. Фикр намекунанд, ки ҷойи як мусофирро танг кардаанд. Фарзандатро, ки шинондӣ, маблағашро дода баҳузур сафар кардан гир!

Ҷавонони хундарҷӯши мо бошанд, чунон пойҳояшонро кушода баҳузур мешинанд, ки гӯё дар хонаи очаашон бошанд. Худо нокарда “поятро ҷамъ кун, додар” гӯйӣ дар бало мемонӣ. Баъзеҳо дар дохили нақлиёт бо телефон чунон баланд гап мезананд, ки гӯё дар дасташон ратсия бошад. Мушкили дигар дар мусиқиҳои гӯшхароши дохили нақлиёт аст, ки то фаромадан пардаҳои гӯшро ба ларза медарорад. Шояд мусофире аз ҷаноза баромада бошад, нафаре бемор бошад, мусиқӣ ба ҳар кас намефорад- ку!

Ҳамшаҳриҳои азиз! Биёед маданияти шаҳрдориро риоя намоем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД