arzon replenishment
Ё ЧАРО СОРО БА ОҒӮШИ РОҲБАРИ СИНФАШ ДАРОМАД? (ҚИСМИ 2)
14.01.2021
ОИЛА
10184

идомааш...

Тақдирҷумбон

Шариф худашро сарзаниш мекард, ки чаро зиёд маҳмадоноӣ карда директорро душман гардонд. Ба ёдаш чашмони аз гиря варамкардаи модараш ва қомати хамидаи падари пираш ҳангоми гусел расида дилаш обу адо мешуд. Ашки бари рӯйи хоҳаронашро ба ёд оварда хун мегирист. Қасд кард, ки меҳнати ҳалол карда, пули бисёр ҷамъ мекунаду баъд ба деҳа баргашта, бегуноҳиашро дар пеши ҳамқишлоқиҳояш исбот менамояд ва доғи бадномиро аз худу аҳли авлодаш албатта мешӯяд. Саргарми ҳамин андешаҳо буд, ки занаки соҳиби сумкаҳо бо марди зиёинамое пайдо шуд. Зан тамоми борҳояшро дар ҷояш дида, ҳайрон шуд ва ба Шариф ҳамчун арзи миннатдорӣ пул дароз кард. Муаллим пулро нагирифта, гуфт, ки барои савоб борашонро нигоҳбонӣ намудааст. Шавҳари зан, ки аз афташ чунин суханро аз «сарсиёҳон» интизор набуд, кунҷковона ба Шариф нигариста аз куҷо ва ба чӣ кор омаданашро пурсид. Шариф забони русию англисиро оби равон барин донад ҳам, даступо хӯрд ва канда –канда «коркунӣ омадам» гуфт. Мард ба китфу бозуи паҳлавононаи ҷавон харидорона назар намуда пешниҳод кард, ки агар воқеан кор кардан хоҳад, ҳамроҳашон равад. Шариф, ки дигар ҷойи рафтан надошт, дарҳол розӣ шуд.

Посбони даргоҳи рус

Зану шавҳар аз шаҳри Ярослав будаанд ва муаллимро ҳамроҳашон ба бӯстонсарояшон бурданд. Шариф дар бӯстонсарои ин сарватманди рус посбон шуд. Ду саги калони хӯҷаин ҳамроҳаш буданд ва Шариф ҳам ҷонварҳоро нигоҳубин мекарду ҳам бӯстонсароро нигоҳбонӣ менамуд. Пас аз рафтани хӯҷаини наваш Шариф болои кат нишаста бо овози баланд ба гаристан даромад. Дилаш лабрези ғам гашта буд ва ҳеҷ аламаш интиҳо намеёфт. Ду овчаркаи калони немисӣ бо ҳайрат ҷонибаш менигаристанд. Муаллим гардани сагҳоро гирифта «дили ҳамин ҷонварон ба ман месӯзаду дили ҳамдеҳагонам насӯхт» гӯён, нола кард. Нолида-нолида дилашро андаке сабук карду сипас аз паси кор шуд. Тамоми ҷойҳои ноҳамвори заминро ҳамвор кард ва ҷӯяк кашида ҳар хел кабудию сабзавот шинонд, сипас аз пайи таъмири деворҳои аз борон зарардида шуд. Аламашро аз кор мегирифт муаллими тӯҳматзада ва шабу рӯз меҳнат мекард. Вай ҳатто дарвозаи бӯстонсароро ранг кард.    Хуҷаин баъди се моҳи сафари хориҷа ба бӯстонсарояш омада ҳавлиашро қариб нашинохт. Дару девори тозаю пурҷило ва замини гулпӯшу сабзро дида бовараш намеомад, ки ин ҳамон бӯстонсарои дарахтонаш хушкидаю ба олами фаромӯшӣ афтода аст. Роҳбари посбонҳои бӯстонсаро самари дасти коргари нав будани ин ҳама ободиҳоро ба хӯҷаин нақл карда, ташакур гуфт, ки чунин ҷавони зебои дидадарою меҳнатиро ба онҳо рафиқ кардааст. Иван Федорович хурсанд шуда, маоши Шарифро ду баробар зиёдтар дод.

Хандаи бахт

Рӯзе Иван Фёдорович бо як гурӯҳ меҳмонҳо ба бӯстонсарояш омад ва бо ифтихор ҳамроҳонашро ба коргарон шинос карда, гуфт, ки аз Олмон лоиҳаи аҷибе овардаасту ин инжинерҳои машҳур хонаи нави замонавӣ месозанд. Навиштаҳо танҳо бо забони олмонӣ ва англисӣ буданду ду инжинери номдор гаранг шуда монданд. Шариф ба рафторашон зеҳн монда, эҳсос кард, ки забонро намедонанд ва лоиҳаро сарфаҳм нарафта истодаанд. Иҷозат пурсида лоиҳаро ба даст гирифт ва дастурамалро мутолиа карду сипас бо забони тозаи русӣ ба инженерон як ба як фаҳмонда дод. Хӯҷаин аз бурою беғалат гап задани посбонаш ба ҳайрат омада аз Шариф пурсид, ки забони русиро аз куҷо омӯхтааст. Шариф соҳиби маълумоти олӣ ва омӯзгор буданашро нақл кард. Иван Фёдорович посбони ту барин ҷавони босавод нест гӯён, Шарифро ҳамроҳаш ба шаҳр бурда дар фирмааш ёрдамчии шахсиаш таъйин намуд.

Бахти муаллими тӯҳматзада хандида баъди омадани вай корҳои фирма дучанду сечанд равнақ ёфтанд. Иван Фёдорович ҳама барору комёбиашро аз баракати кордонии ёрдамчии наваш медонист ва Шарифро эрка карда, дар ҳама кор бо вай маслиҳат менамуд. Чандин маротиба аз ҳисоби фирма ба Англия, Ҷопон ва Олмон таҷрибаомӯзӣ рафта омад. Дар бадали се сол бо кӯмаки хӯҷаинаш аз шаҳри Маскав хона харид.

Дида ба дидор мерасад

Муаллим 8-сол дар Россия зиндагӣ карда бо пули калон ба деҳа ба аёдати волидонаш омад. Аз забони ҳамсояҳо шунид, ки баъди рафтанаш ҳақиқат рӯйи об баромада, директорро шармандавор аз кор рондаанд. Сирру асрори Сорои тӯҳматчӣ фош гашта, мардум ба рӯяш туф кардаанд. Пирдухтар шуда мондааст Соро ва касе ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳад. Волидонаш ба ҷону ҳолаш намонда Шарифро бо зеботарин духтари деҳа номзад карданд. Тӯйи муаллим бисёр пуршукӯҳ гузашт. Анъанаро вайрон карда домод дар шаби тӯяш сухан карду гуфт:

-Ман аз директор хафа нестам, чунки тӯҳматашон боиси пешрафтам гашт. Ба ҷавонон гуфтаниам, ки хонанд, чунки одами босавод дар ягон ҷо хор намешавад. Ҳунарманду босавод ҳар ҷо, ки равад, азизи дилу дидаи мардум мегардад. Ман гуноҳи директорро кайҳо бахшидам, шумоён ҳам бубахшедаш, чунки худованд бахшоянда аст ва бахшандагонро дӯст медорад!

 Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД