Sebiston new 2024 october
Ё ЧӢ ТАВР ДАР ЯК ВАҚТ ДУ ОИЛА ВАЙРОН ШУД (ҚИСМИ 3)
4709

ИДОМААШ...

Ҳама дар гирди сари тифлак парвонае буданд. Ҳаққу ҳамсояҳо ба ин оила ҳавас мекарданд. Ҳам келин аҳл буду ҳам хушдоман. Забони ҳамдигарро хуб мефаҳмиданду эҳтироми ҳамдигар ҳамеша дар он хона ҳукмфармо буд.Тифлак рӯз ба рӯз калонтар мешуду шириниҳош низ зиёдтар мегардид. Ташвиши Сорохола кунун зиёдтар гардида буд. Вале ба қавли худаш ин ташвишҳо барояш ширин ба ҳисоб мерафтанд. Як бегоҳ амаки Салим бо чеҳраи мушавваш аз кор ба хона омаду ҳамсарашро хабар кард, ки либосҳои лозимиашро дар як сумка гирад, зеро писари амакаш, ки ҳарду дар як ҷо мисли бародар калон шуда буданд, аз сактаи қалб вафот кардааст. Соро аз ин тасмими сафари бегоҳирӯзии шавҳараш розӣ набуд. Зеро шавҳарашро мебоист, ба яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти Суѓд сафар кунад.

-Дадаш, биёед наравед, охир ба шумо чӣ зарур маҳз ҳамин рӯз рафтан. Шумо мошинро дар ин ҳолат чӣ хел меронед? Аҳволатон беҷо, ба шумо мумкин нест. Боз бар замми ин ҳаво сард. То ними роҳ норафта аллакай ҳавоторик мешавад. Салим ин гапҳои ҳамсарашро шунидан намехост. Дар ҳамин дам дар назди дарвоза мошин қарор гирифт. Аз дохили мошин Қумрихола, модараш Саврихола, падараш амаки Ҳаким фаромаданд. Соро бо аҳли оилааш саломуалейк намуду ба хона таклифашон кард. Онҳо ба хона даромаданд. Хӯроки бегоҳирӯзӣ аллакай омода буд. Келин зуд дастархонро густурду хӯрокро овард. Меҳмонон хӯроки шомро хӯрданду хайрухуш намуда ба роҳ баромаданд. Амаки Муқим ҳамроҳи худ писараш Валиҷонро гирифт. Охирҳои фасли тирамоҳ буд. Ҳаво хунук буду борон меборид. Мошин ба роҳ баромад. Баъди рафтани мошин Сороро дилаш ваҳм кард. Зеро шаби гузашта хоби дидааш якбора ба хотираш зад. Ӯ ҳамон шаб хобҳои даҳшатнок дида буд. Табъаш якбора хира гашту хотираш парешон шуд. Чизе хӯрдан намехост. Фақат сиҳату саломат расидани пайвандонашро мехост. Ҳар замон ба писараш Валиҷон занг зада ба куҷо расиданашонро пурсон мешуд. Ҳар боре овози онҳоро мешунид, нафаси сабук мебаровард. Аз ба сафар баромадани хонаводааш ҳамагӣ аз байн чор соат гузашт. Соро такроран ба писар ва шавҳараш занг зад, тилфонҳои онҳо дастнорас буд. Ӯ якчанд маротиба занг зад, аммо бефоида. Аллакай соат аз нӯҳ гузашта буду аз хонаводааш ҳеҷ хабаре набуд. Пардаи торикӣ ҳамаҷоро ҳукмфармоӣ мекард. Сороро хоб намебурд. Дилашро гургон тала карданд. Қарибҳои саҳар буд, ки тилфони хона занг зад. Гӯширо Соро бардошт. Аз он тараф садо меомад:

-Ин тилфони кӣ аст? Хоҳиш мекунам, ба фалон ҷойи аѓбаи Шаҳристон биёед, дар ин ҷо соҳибони мошин ба садама дучор шудаанд. Вақте ин суханонро Соро шунид, беҳуш шуд. Таманно аз занги бемаҳали тилфон хавотирона бедор шуда дар назди хушдоманаш меистод. Вақте ин ҳолро дид, дод зада шавҳарашро ҷеѓ зад. Шавҳараш давида омад. Дарҳол ба рӯи модар об пошиданду ӯро бо азобе ба худ оварданд. Соро чун ба худ омад, базӯр ҳарф зад, ки зуд ба маҳали ҳодиса раванд. Баъди чанд лаҳзае аллакай дар назди хонаи Салимако одамон ҷамъ шуданд. Аллакай онҳо аз қазия хабардор шуда буданд. Ҳамакаса ду мошин шуда ба роҳ баромаданд. Духтурон бошанд омада дар сари Соро меистоданд. Баъди соате хабар расид, ки ҳамаи бошандагони мошин аз ҷумла, амаки Ҳаким, Муқим, Валиҷон, холаи Қумрӣ, холаи Саврӣ ҳама ҷон ба ҷонофарин супурда буданд. Ҷасадҳоро то бегоҳ ба Душанбе оварданд. Маросими ҷанозаро пагоҳаш доир намуданд. Соро бемадор мегиристу навҳа кашида мегуфт:

-Эй чархи гардун, эй қисмати пуршӯр, намедонам, барои кадомат гирям. Барои падару модари ормониям, барои шавҳари меҳрубону писари ҷавонмаргам. Намедонам, намедонам. Ӯ навҳа мекашиду дили онҷо будагон реш-реш мегашт. Онҳо низ мегиристанд. Ҳамон рӯз гӯё осмону замин мегирист. Баъди ин, маъракаи ҳафту чилро доданд. Аҳволи холаи Соро рӯз то рӯз бад шудан гирифт. Як рӯз ӯ беҳуш шуда аз пой афтид. Холаи Сороро як моҳ дар беморхона дар шӯъбаи эҳё хобониданд. Баъди табобатҳои дурудароз ӯ ба худ омаду аз беморхона ҷавоб доданд. Вале он саломатии пешинааш набуд…

Имрӯз гарчанде баъди он воқеа солиёни зиёде паси сар шуда бошад ҳам, Сорохола ҳанӯз ба худ наомадааст. Ӯ паршикаставу хаёлӣ аст. Тез-тез дарди сар ӯро азият медиҳад. Воқеан ҷойи тарс ҳам ҳаст. Аз ду оила панҷ нафар нобуд шудан ин даҳшат аст. Вале чӣ илоҷ, ки аз марг ҷойи гурез нест.

ФАРЗОНАБОНУ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД