Вақтҳои охир дуздию ғоратгарӣ дар пойтахти кишварамон авҷ гирифтааст.
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз бозошти чанд нафар бо иттиҳоми дуздӣ хабар медиҳад.
Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, арз кардааст, ки рӯзи 22-юми январ дар хиёбони Рӯдакӣ ҳангоми ба таксӣ савор шудан аз ҷайбаш телефони мобилии тамғаи “Самсунг А54” афтидааст.
Ронандаи таксӣ аз дохили мошин телефонро ёфта, ба ҷойи онро ба соҳибаш баргардонидан онро ба маблағи 2 ҳазору 900 сомонӣ ба каси дигар фурӯхтааст. Ронанда аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, айни замон тафтишоти ин қазия идома дорад.
Манбаъ ҳамчунин аз аз дуздида шудани асбоби кафшергарӣ аз анбори як зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҷониби марди 41-солаи сокини ноҳияи Ҳисор хабар додааст. Маблағи зарари расонидашуда 8ҳазор сомониро ташкил медиҳад.