Дуздии маблағи калон аз хонаи шинос дар Хуҷанд
Дар шаҳри Хуҷанд марди 32-сола бо гумони дуздии маблағи калон аз манзили истиқоматии шиносаш боздошт шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбар Умедҷон Абдуназаров, соли таваллудаш 1994, моҳи октябри соли 2026 ду маротиба ҳамчун меҳмон ба хонаи Сафарҷон Раҷабов рафтааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳангоми дар ҳуҷра набудани соҳибхона аз ҷевони манзил 2 ҳазор доллари ИМА ва 30 ҳазор сомониро гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбар бо моддаи 244, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.