arzon replenishment
Дуздии 101 чорвои майда дар Хатлон
674

Ғоратгарӣ яке аз хислатҳои пасти инсонӣ буда, оқибат чунин корҳо шахсро ба гумроҳӣ, ҷавобгарии ҷиноятӣ ва билохира ба паси панҷара мебарад. 

Марди 70-солаи сокини ноҳияи Қубодиён ба шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия ба раиза муроҷиат намудааст, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бошишгоҳи мувақатиаш 101 сар чорвои майдаи шохдорро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 98 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД