goodwell
«Дузди Офтоб» - аввалин ҷоизаи миллӣ барои филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда
21.10.2026
Оила
75

«Дузди Офтоб» - аввалин ҷоизаи миллӣ барои филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда

Филми кӯтоҳи «Дузди Офтоб»-и коргардони тоҷик Комилҷон Сафаров дар сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» соҳиби ҷоиза гардид. Ин филм дар номинатсияи «Беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда» ғолиб дониста шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил» 19 -уми октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

«Дузди Офтоб» бо истифода аз технологияҳои муосири зеҳни сунъӣ офарида шудааст. Ин ҷоиза нахустин қадршиносии миллӣ дар соҳаи синамои Тоҷикистон барои филми бо истифода аз зеҳни сунъӣ таҳияшуда арзёбӣ мешавад.

Ба даст овардани ин ҷоиза истифодаи технологияҳои навро дар филмофарии тоҷик нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД