Tayron Test For
Дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ, душӯяро чӣ?
2036

 

Дузанагӣ дар кишвари мо расман манъ бошад ҳам, шумораи мардони дузана торафт меафзояд.

Акнун ба ин дарди ҷомеа боз як дарди дигар зам шудааст, ки он дар болои шавҳари зиндаву саломаташон шавҳар кардани баъзе занҳост. Албатта тасаввур кардани он ки як зани тоҷик ва мусалмон, ки хонаву дари обод дорад, метавонад бо марди дигаре низ никоҳ дошта бошад, душвор ва ҳатто даҳшатовар аст, аммо… Бадбахтона занҳои душавҳара афсона нестанд. Беҳтараш биёед дар ин мавзуъ назари чанде аз ҳамдиёронамонро мепурсем.


Мастона, аз Қӯрғонтеппа:
Ишқи пирӣ Сайрамро девона кард
Ману Сайрам дугонаҳои ҷонӣ ҳастем ва чанд сол боз ҳарду бо тиҷорат сару кор дорем. Дугонаам 45- сола аст, хонаву дари обод, шавҳар ва се фарзанд дорад. Мо ҳар ҳафта ҳамроҳ ба Душанбе барои бор меоем. Пештар борҳоямонро бо мошинҳои гуногун мебурдем, вале аз рӯзе, ки Сайрам бо Умед ном ронандаи ҷавон шинос шуд, мошини ӯ ба таксии шахсии мо табдил ёфт. Сайрам дигар бе ин ҷавони хушқаду қомати 30- сола як қадам ҳам намемонд. Ба куҷое, ки наравем, Умед мисли соя бо мо мегашт. Сайрам баъзан ин ё он корро баҳона карда ду-се рӯз дар шаҳр мемонд. Ҳазлу шӯхӣ ва қошпарониҳои дугонаамро бо ин ронандаи ҷавон дида, пай бурдам, ки байнашон чӣ гапе ҳаст, вале Сайрам сир пинҳон карда, мо мисли апаю додар ҳастем мегуфт. Пардаи рози онҳо вақте дарид, ки Умед «ман зану фарзанд дорам» гӯён, муносибаташро аз ӯ канданӣ шуд. Ба пӯстини дугонаам кайк даромадагӣ барин ҳама кору бори савдоро партофта, рӯзи дароз дар ба дари муллою ҷодугарҳо мегашт. Сайрами аз ишқ сабру қарор аз даст дода мехост бо кадом роҳе, ки набошад, дили таксисти ҷавонро дубора ба худаш гарм намояд. Рӯзе вай ба ман дарди дил карда гуфт: «Дугонаҷон, Умедҷон ба ман бегона нест, мо кайҳо никоҳ карда будем, барои чӣ имрӯз вай аз ман рӯй тофта мегардад?!» Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид. «Мабодо девона нашуда бошӣ, дугона?! гӯён, пешонаашро доштам. «Девона нестам, ман дар ҳақиқат зани никоҳии Умедҷон ҳастам. Моро як сол пеш як домулло никоҳ карда буд»,- қисса кард дугонаам. Ростӣ, аз ҳамон рӯзе, ки ин гапро шунидам, ихлосам аз Сайрам гашт ва риштаи дӯстиро аз ин зани беандеша кандам.

Дилошӯб, дӯзанда:
Кампир пул дода, шӯйи ҷавон харид
Чанде пеш дугонаам маро ба ҷашни 50 солагии хонадоршавии падару модараш таклиф кард. Азбаски нону намаки ин хонаводаро бисёр хӯрда будам, не нагуфта рафтам. Дар байни меҳмонон як зани тақрибан 45-50- солаи хушлибосе буд, ки аз дигарон фарқ карда меистод. Синну соли зан ба ҷое расида бошад ҳам, худро мисли духтаракони 18-20- сола орою торо дода буд ва дар дасту гардану гӯшҳояш зару зевари бисёре дошт. Аз кару фараш аён шуда меистод, ки зани сарватманд аст. Вақти гусел аз рӯйи таомули тоҷикона аз паси ин меҳмони «олиқадр» баромадем. Дар кӯча мошини хориҷии гаронбаҳое ин зани таннозро интизор буд ва ронандааш, ки ҷавони 27-28- солаи қоматбаланду оҳучашме буд, сигор кашида менишаст. «Писари зебо доштаед»,- оҳиста пичиррос задам дар бехи гӯши зан. Меҳмони дар зару зевар ғутта зада хандида гуфт: «Ин писарам не, кавалерам, аниқтараш шавҳари дуюми ман аст.» Ҳайрон шуда гуфтам: «Шӯхӣ накунед!» Меҳмон заррае ибо накарда гуфт: «Шавҳарам чанд сол боз дар Россия аст. Пирхар як беваи ёши уруса ёфта гирифтааст. Ман ҳоло ҷавонам, интизор шуда шинам, ки кай вай ёди мо мекунад?! Ана ҳамин йигити чор кас медидагия ёфта гирифтам, акнун роҳат…» Пурсидам, ки фарзандонаш чӣ мегӯянд. «Онҳо фикр мекунанд, ки вай танҳо ронандаи ман аст, хабар надоранд, ки рӯз мошин меронаду…» Гиребони тавба дошта, худ ба худ гуфтам: «Ин зан аз шавҳараш-ку наметарсидааст, вале магар аз Худо наметарсад? Фардои қиёмат вай дар пешгоҳи офаридгор чӣ ҷавоб медода бошад-а?!»

Парвиз, сокини шаҳр:
Худамро санҷидам, вале…
-Эй хоҳар, медонам, ки ин кор ҳаром аст ва оқибати хуб надорад, вале аз ночорӣ ман ҳам ин корро карда будам. Ду бор зан гирифта ҳеҷ фарзанддор нашудам. Аз муоинаи табибон гузаштам, онҳо дар ман ягон дарду иллат наёфта бошанд ҳам, хушдоманам маро таъна зада безурриёт мегуфт. Аламам омаду барои санҷиш як ҷавонзани духтарчаи 5-сола доштаро пинҳонӣ ба никоҳи худ даровардам. Нигора ном дошт зани дуюмам. Шавҳараш талоқи ӯро надода бошад ҳам, онҳо ду сол боз зиндагӣ надоштаанд. Хулоса, зану шавҳар шаш моҳ зиндагӣ накунанд, байнашон талоқ меафтад гуфта, мо никоҳ кардем. Ҳамагӣ се моҳ пас Нигора ҳомиладор шуд. Мани ташнаи фарзанд аз шодӣ дар куртаам намеғунҷидам. Мехостам Нигораро ба хона бурда ба ҳамсару хушдоманам исбот намоям, ки ман дагар нестам. Пешниҳоди маро Нигора хуш қабул карда бошад ҳам, хоҳиш намуд, ки то сиҳату саломат таваллуд карданаш ин сирро аз аҳли оила ва дӯстонам пинҳон дорам, то ба ваю тифлакаш ягон зарар нарасонанд. Бесаброна шабу рӯзҳоро мешумурдам, ки кай соҳиби фарзанд мегашта бошам, аммо Нигораи бевафо дар панҷмоҳагӣ аз ман пинҳонӣ тифли батнашро, ки фарзанди ман буд, исқоти ҳамл намуд. Ба ғазаб омада сабаб пурсидам. Сар ҷумбонда гуфт: «Шавҳари ман як хунхӯр аст, фаҳмад, ки талоқи ӯро нагирифта, ман бо ту никоҳ кардаам, ҳам туро мекушаду ҳам сари маро аз танам ҷудо мекунад. Беҳтараш аз ҳамон зани худат намон. Ман ба хонаи шавҳарам бар мегардам, чунки аздусар вай бо хушӣ ҷавоби маро намедиҳад…»
Ҳамин тавр Нигораи ҷафокор ба назди шӯйи якумаш баргашту орзуи писардор шудан дар дили мани бетолеъ монд.

Мавзуна, пешхизмат:
Қасосамро гирифтам!
Шавҳарам Саид ба Русия рафта Наташаро ёфту ману бачаҳояшро фаромӯш кард. Баъзан 3-4 ҳазори русӣ мефиристад, вале магар бо ин пули ночиз дар шароити ҳозира зиндагиро пеш бурда мешавад? Чандин бор занг зада гуфтам, ки ҳой мардак, ман ҳам одам ҳастам, нафс дорам, ақаллан дар шаш моҳ як бор ба хона биё, вале наомад. Дидам, ки намешавад, барқасд ман ҳам дар болои вай шӯ кардам. Хайр чӣ, Саид насф дораду ман не?! Ман робот не, одам ҳастам ва дилам меҳру муҳаббат мехоҳад. Ҷавонам, мехоҳам шабҳо дар паҳлӯям ҳамдаму ҳамнафасе дошта бошам, ки маро бо меҳр навозиш кунад. Наташаи лаънатӣ шавҳарамро гирифт гуфта, як умр гиряву нола карда, умри ҷавонамро хазон созам? Дар вақташ, ки зориҳои ман ба гӯши шавҳарам надаромад, бигзор акнун вай гиряву нола карда гардад! Барқасди Саиди занбезор шӯи ҷавону зебо кардам, то фаҳмаду дарун ба дарун сӯхта-сӯхта мурад.

Меҳринисо, аз Суғд:
Шавҳараш хоҳарамро реза кард

Эй хоҳарҷон, беҳтараш ту напурсу ман нагӯям! Аз рӯйи ана ҳамин корҳо ман имрӯз сағерабон ҳастам. Ин кӯдаконе, ки дар паҳлӯи ман мебинӣ, фарзандони худам не, бачаҳои хоҳари раҳматиам ҳастанд. Дар вақташ падарашон Наҷибулло шефтаи ду сум пули муфт гашта, як беваи бойро зани дуюм карда гирифт. Модарашон Соро хоҳари ман бисёр зани хушрӯю дилкаш буд. Одами ӯро дидагӣ кошкӣ боз як бори дигар бинам мегуфт, вале шавҳараш ба қадри ҳамин хел зани зебо нарасида, дар болояш як кампири пулдорро гирифт. Хоҳарам аз алам ба васвасаи шайтон гирифтор шуда, барқасди шавҳари номардаш Наҷибулло ба як ҷавонмарди хушрӯй, ки ҳанӯз аз давраҳои духтариаш талабгори Соро буд, ба шавҳар баромад, вале… Наҷибулло бо марди дигар никоҳ кардани занашро шунида аз рашк девона шуд ва Сорои нозанини моро дар хонаи худаш бо корд реза кард. Акнун модари ин ятимчаҳо дар зери хоки хунук, падарашон бошад, дар кунҷи зиндон хоб аст. Бесаробон мондани ҷиянҳоямро дида дилам ба ҳоли ин тифлакони бегуноҳ сӯхту онҳоро ба тарбияи худ гирифтам.

Мулло, аз Душанбе:
Бо ду мард никоҳ кардан ҳаром аст, хоҳарон!

Дар ислом бисёрникоҳӣ ба мардон иҷозат дода шуда бошад ҳам, ба занҳо ин кор раво нест. Талоқи як мардро нагирифта зан наметавонад ба никоҳи марди дигар дарояд. Дар як вақт бо ду мард никоҳ ва зиндагӣ кардани зан зино ва гуноҳи нобахшиданӣ аст. Зан аз шавҳар розӣ ва қаноатманд набошад, метавонад аз ӯ талоқ талаб намояд ва баъди гирифтани ҷавобаш ва гузаштани муддати мадид бо марди дигар никоҳ кунад, вале дар як вақт ду шавҳар кардан раво нест. Занҳои душавҳараро на Худо мебахшад ва на бандагонаш!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2