Sebiston new 2024 october
«Душанбе-Сити» аз зани банкоматҳоро шикаста шикоят намекунад
856

 

ТАҚХ "Шаҳри Душанбе" тасмим гирифтааст, ки изҳороташро дар бораи зани ҷавоне, ки банкоматҳоро шикастааст, бозпас бигирад. Масъулини бонк ба хулосае омаданд, ки хароҷоти марбут ба таъмири банкоматҳоро худашон мепӯшонанд.

Чанде пеш як зани 35-солаи сокининоҳияи Темурмалик ба далели надоштани пули нақд дар терминалҳо ду банкомати “Душанбе-Сити”-ро дар пойтахт, аниқараш дар ноҳияи Шоҳмансур, дар кӯчаи Айнӣ зада шикаста буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин ҳодиса пайдо шуда, дар н дида мешуд, ки чӣ тавр зани ҷавоне бо ғазаб экранҳои банкоматҳоро бо санг зада мешиканад. Ҳамагон интизорӣ доштанд, ки зан барои шикастани банкоматҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, аммо бонк изҳороташро бозпас гирифтааст.

«Мо ба мавқеи шаҳрванд даромадем ва тасмим гирифтем, ки аризаамонро бозпас гирифта, хароҷоти таъмири банкоматҳоро худамон пардохт кунем», - гуфтаанд масъулини бонк дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорони «Азия Плюс».

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД