Рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ, А. Дониш маҳдуд карда мешавад.
Тавре Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ хабар додаааст, бо сабаби баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И. Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А. Дониш маҳдуд карда мешавад. Дар ин рӯзҳо шаҳрвандон аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ бе зарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.