Arzon march 2024
Душанбе: “Овозаҳо беасос аст, об қатъ намешавад”
563

 

Дирӯз овозаи қатъ шудани об дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Душанбе сокинонро ба таҳалука афтонда, ҳамагӣ кушиши захира кардани об мекарданд.

Баъд аз сар задан ба сомонаҳои расмӣ, хабаре дарёфт накардему хостем то андозае ба ин бовар накунем, вале...

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ба хабарҳои бардурӯғу беасос оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ бовар накунанд, омадааст дар иттилоияе, ки шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ин бора нашр кардааст.

Дар хабарнома гуфта шудааст, шоми дирӯз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ оид ба қатъи интиқоли оби ошомиданӣ хабари бардурӯғу беасос паҳн карда шуд, ки сокинони пойтахтро ба таҳлука ва изтироб овард.

«Шаҳрвандони гиромӣ, бори дигар ба самъи шумо мерасонем, ки барои воқиф шудан ҷиҳати қатъ гардидани об ва дигар маълумот аз саҳифаҳои расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Обу корези Душанбе» ва воситаҳои ахбори оммаи расмӣ истифода баред»,- гуфта мешавад дар иттилоияи мақомот.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД