35 years of independency
Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро дар 15 рӯз иҷро кардааст
15.10.2026
Oila.tj
88

Шаҳри Душанбе дар 15 рӯзи аввали маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи пешбинишударо пурра иҷро кардааст. Дар ин бора рӯзномаи «Паёми Душанбе» хабар додааст.

Бо вуҷуди ин, то кунун мақомоти расмӣ дар бораи пурра иҷро шудани нақшаи даъват дар пойтахт иттилоъ надодаанд.

Қаблан, 12-уми октябр Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи аввали маърака беш аз 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд. Ба иттилои вазорат, то он вақт нақшаи умумии даъват дар ҷумҳурӣ 84 дарсад иҷро шуда буд.

Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 1-уми октябр оғоз шуда, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Дар ин давра ҷавонони аз 18 то 27-сола, яъне шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД