Дугонаам Салима духтари қоматбаланди зебо аст. Аз Ҳисор ҷавоне талабгораш шуду бо дуои калонсолон ҳар ду фотиҳа шуда буданд.
Вақте рӯзу соати барпо гаштани тӯй муайян шуд, мо дугонаҳои арӯс маслиҳат кардем, ки ҳамроҳи Салима ба хонаи домод меравему дар хурсандияш ширкат меварзем. Чунин ҳам шуд, вале...
Ин ҳодиса ҳеҷ аз ёдам намеравад. Як моҳ қабл мо ба дараи Алмосии ш. Ҳисор ба тӯй даъватӣ шуда будем. Кош он рӯз ба Ҳисор намерафтему бо сари кафида ба хона барнамегаштем. Дар деҳа тӯйи осмонкаф барпо шуд. Сароянда Шаҳзоди Даврон чунон базмро обод мекард, ки мардуми дар тӯй қарордошта мерақсиданду хурсандӣ мекарданд. Дар айни рақсу бозӣ, ногаҳон ба мисле, ки майдони ҷанг бошад, аз чор тарафи тӯйхона аз ҳаво санг борид. Сангҳои зиёд ҷониби арӯсу домод париданд. Дар як лаҳза сару рӯйи ҳарду кафида, хуншор шуду гӯё қиёмат барпо гашт. Доду ғиреби меҳмонон даҳшатеро мемонд. Касе намедонист, ки ин амали дасти кӣ бошад. Худи ҳамон лаҳза шаҳу арӯси сангхӯрдаро ба хона дароварданду мо бо сару рӯи кафида ба Душанбе баргаштем. Субҳи рӯзи дигар маълум гашт, ки Наргис ном духтаре, ки ошиқи домод буда, 5 сол бо ҳам муносибати ошиқона доштаанд, дар ин кор даст доштааст. Ӯро дастгир карданду ҳақиқат рӯи об баромад.
Барои ин кирдораш Наргисро ба ҷавобгарӣ кашиданд. Тавре маълум шуд, ин духтар ба 12 навраси деҳа пули калон дода, фармон додааст, ки тӯйи Шокир ва Хуҷастаро вайрон карда, хурсандияшонро барбод диҳанд. Чунин ҳодисаи даҳшатнокро бори аввал дида, то ҳанӯз ба худ омада наметавонам. Нафароне, ки ҳамроҳи мо дар тӯй ширкат доштанд, гиребони тавба дошта мегуфтанд: “Наход барои як бача шуда, духтар қадрашро ин қадар паст кунаду дар фикри куштану зарар расонидани ду ҷавон гардад”. Албатта Наргис гунаҳкор аст ва бояд барои гуноҳи содир намудааш ҷавоб гӯяд, то ки ба дигар духтарон низ дарси ибрат гардад. Вале фаромӯш набояд кард, ки дар моҷарои рухдода домод низ гунаҳкор аст. Духтарро, ки фиреб кардӣ, саратро кафонад ҳам, кам аст!
Нисо