tobiston
Духтарони футболбози “Душанбе” боз ғалаба ба даст оварданд
33

Дар доираи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои занонаи ҷумҳурӣ имрӯз байни духтарони футболбози зери синни 15-солаи тими “Душанбе”-и шаҳри Душанбе ва духтарони футболбози дастаи “Барқчӣ”-и ноҳияи Шаҳринав бозии футбол барпо гашт.

Мусобиқа дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳринав баргузор гашт. Духтарони тими футболи “Душанбе” аз лаҳзаҳои аввали бозӣ бартарӣ нишон дода, дар қисми аввали бозӣ ба дарвозаи ҳарифон 5 тӯби беҷавоб заданд.

Дар қисми дуюми бозӣ футболбоздухтарони Шаҳринав нисбатан фаъолтар гашга, талош карданд, ки ба дарвозаи “Душанбе” гол зананд, вале духтарони футболбози дастаи “Душанбе” ҳамлаҳои ҳарифони худро моҳирона баргардонида, имкон надоданд, ки ягон тӯб вориди дарвозаашон гардад.

Ҳамин тавр, дар қисми дуюми бозӣ футболбозони тими “Душанбе” ба дарвозаи “Барқчӣ”-и Шаҳринав боз як тӯби дигар заданд ва бозӣ бо ҳисоби 6:0 ба фоидаи тими духтарони то 15-солаи “Душанеб”-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои бонувон идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Духтарони футболбози “Душанбе” боз ғалаба ба даст оварданд
1xbet
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси