Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар шаҳри Душанбе бо муваффақият идома дорад.
Дирӯз иштирокчиён мусобиқаро аз хиёбони марказии Дӯстӣ сар карда, дар велосипедронӣ дар масофаи 24 километр қувваозмоӣ намуданд.
Варзишгарон тариқи хиёбони Рӯдакӣ масофаи 12 километр роҳро тай карда, баъдан дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз гардиши Товус ба самти роҳи пурпечутоби кӯчаи Карамов тоб хӯрданд ва ҳамин тавр дубора ба роҳи маркази баромада, ба нуқтаи интиҳоӣ расиданд.
Дар байни мардон командаи велосипедронҳои Қазоқистон масофаи 24 километр роҳро дар бадали 26 дақиқаву 48 сония тай намуда, аввалин шуда, ба марра расиданд.
Ҷойҳои дуюму сеюм насиби велосипедронҳои Муғулистон ва Эрон гашт.
Дар байни занон духтарони ӯзбек аз ҳама чолоктар буданашонро исбот намуданд. Командаи бонувони велосипедрони Ӯзбекистон дар бадали 32 дақиқаву 14 сония ба марра расида, соҳиби медали тиллои мусобиқа гаштанд.
Ҷойи дуюм насиби бонувони қазоқ гашт, хонумҳои эронӣ бошанд, ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.
Дар мусобиқаи велосипедронии фардӣ низ варзишгардухтари ӯзбек Одина Ҳамдамова комёб гашт.