formula
ДУХТАРИ ҲОМИЛАДОРРО БА ЗАНӢ ГИРАМ?
25.01.2021
ОИЛА
13122

 

Бо Ситора ном ҳамсинфам мегаштем. Ӯ маро шабҳо ба вохӯрӣ даъват менамуд. Дар ҷойгаҳам болиштро мисли одами хобкарда зери кӯрпа ниҳода рӯйпӯш мекардаму оҳиста аз хона баромада ба вохӯрӣ бо азизи дилам мерафтам. Дар оғӯши ҳамдигар шабро саҳар менамудем.

Шайтон васваса намуду дар яке аз ин вохӯрҳо Ситора номусашро ба ман бахшид. Пӯшаймон шудем баъди кор аз кор гузаштан, вале дигар суде набуд. Ситора чанд моҳ пас шумхабар расонд, ки ҳомиладор шудааст. Пинҳонӣ аз волидонамон ба духтурхона рафтем. Ташхис нишон дод, ки кӯдак аллакай 4 моҳа шудааст. Барои исқоти ҳамл кардан духтуронро зораю тавалло намудем, вале «кӯдак калон шудааст, хатар дорад» гӯён ба гардан нагирифтанд. Зорӣ кардам, ки ба Русия гурезем, вале Ситора хоҳишамро рад карда, гуфт, ки аздусар волидонаш моро меёбанд ва сарамонро аз тан ҷудо мекунанд. Ман Ситораро айни замон бо тӯю тамошо ба занӣ гирифта наметавонам, чунки се бародари аз худам калон дораму вай ҳам апаҳои бешавҳар дорад ва то онҳо издивоҷ накунанд, касе дар фикри мо намеафтад. Медонам, ки агар падари Ситора аз ин фоҷиа огоҳ шавад, бадбахтии калоне ба сарам меояд. Маро мекушанд ё зиндонӣ мекунанд.

Ба ман маслиҳат диҳед, Ситораро гирифта гурезам ё зиндон равам?

Диловар, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД