Formula novemver 2024
Духтари нобино чи тавр Қуръонхон шуд?
1525

 

Духтаре, ки аслан чашм надорад

Файзинисо Исломова, сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич буда, 20-сол дорад. Файзинисо модарзод нобино аст. Чашмонаш бо ҷойи парда ва гавҳарак фақат аз гӯшт иборат мебошанд.

Ҳоли зори очаву духтари маъюб

Ҳаёти оилавии ин духтараки нобино басо мушкил ва раҳмовар буда, модараш бар замми камбизоатӣ зери хушунати оилавӣ қарор гирифтааст. Модари Файзинисо комилан ношунавою худи духтар нобино ва зиндагии очаву духтари маъюб чунон сахту сангин аст, ки раҳми касро меорад, вале...

Як соли охир дар дили ин духтараки нобино оташи меҳри илоҳӣ якбора аланга гирифта, худ аз худ қуръонхон шудааст. Файзинисо бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштанаш сураҳои зиёди Қуръонӣ, аз ҷумла Ёсину таборакро пурра аз худ карда, маънии зиндагиашро дар ибодат ба парвардигор медонад.

Вақте намоз мехонам, дунёро мебинам

Файзинисо баъди сураҳоро аз худ кардан ба зиндагӣ дилгарм шуда, ба ояндаи нек умед бастанро омӯхтааст. Ӯ пештар худро аз дигарон кам мешуморид ва ҳамеша нороҳат буд, ки коре аз дасташ намеояд, вале акнун назараш ба зиндагӣ комилан дигар шуда, ба ҳаёт бо чашми умед менигаранд. Вай дар ҳар намозаш аз Худованд дар ҳалли мушкили зиндагиашон мадад мехоҳад.

Файзинисо мегӯяд, вақте, ки намоз мехонад, тамоми дарди дилашро дар рӯйи ҷойнамоз ба худованд ифшо намуда, эҳсос мекунад, ки дунё дар назараш равшану нурбор мегардад.

Ин духтараки нобино чунон ба парастиши парвардигори олам ва қироати китоби муқаддаси Қуръон дил бастааст, ки ҳини намозхонӣ гумон мекунад дар осмон парвоз карда истодааст.

Орзуи духтари нобино

Ин духтараки нобино, вале рушандил орзуҳои зиёде дорад. Файзинисо дунёро бо чашми дил мебинад ва бисёр мехоҳад ҳунари дӯзандагию бофандагиро омӯхта, зиндагии худ ва модарашро мустақилна пеш барад.

Орзуи дигари Файзинисо он аст, ки баъди хатми пурраи китоби муқаддаси Қуръон номашро иваз намояд ва мардум ӯро минбаъд Қудратой садо кунанд.

Духтарак пайваста аз модараш хоҳиш мекунад, ки ҳатто дар шаҳодатномаи таваллуд низ номи ӯро Қадратой гузоранд.

Норойим Аюбова, модари Файзинисо, шукрона мекунад, ки нобино бошад ҳам. худванд чунин фарзанди худотарс ва покдилро насибаш гардонидааст.

Норойим мегӯяд, духтараш Файзинисо ба мисли фариштаҳо беозор буда, ба неку бади касе кордор нест. Барои ҳамин хислатҳои некаш ҳамсояҳо Файзинисоро дӯст медоранд.

Ин аст саргузашти як духтараки равшандили тоҷик, ки чашми бино надошта бошад ҳам, дили саршори меҳру муҳаббат дорад. Файзинисо ба қудратҳои худованд боварӣ дорад ва умедвор аст, ки вай аз модар нобино ба дунё омада бошад ҳам, шояд рӯзе худованд ба ӯ нури чашм ато менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД