Духтари қишлоқӣ шаҳрӣ шуду аз худ рафт
Бо ҳамсинфам Фарзона замони мактабхонӣ аҳди ошиқӣ баста, қарор дода будем, ки ба донишгоҳ дохил шуда, баъд тӯй мекунем. Фарзонаро беҳтарин духтар мепиндоштам ва хурсанд будам аз интихобам, вале…
Мо бо сад орзуву ҳавас ҳуҷҷатҳоямонро тахт намудем, вале дар айни дохилшавӣ қиблагоҳам бандагиро ба ҷо оварда ин дунёро падруд гуфт. Ѓам, ки доштам, хондан дигар дар назарам наметофт.
Фарзона ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд, ман бошам дар деҳа мондам. Як сол пур шуду Фарзона боре ба деҳа барнагашт. Рақамҳои ба ман додааш кор намекард. Орзуи дидори азизи дилам шабу рӯз оромам намегузошт, вале бо умеди ояндаи дурахшон ба ҳамааш тоқат мекардам. Рӯзе аз ҳамсинфонам нишонии таҳсили Фарзонаро гирифта ба шаҳр омадам, то ӯро аз наздик дида аз бемеҳрияш арзу шиква намоям.
Хуллас, ба донишгоҳ рафтам. Фарзона бо ду-се ҳамсабақаш дар ҳавлии донишгоҳ сӯҳбат дошт. Аз ҷавоне хоҳиш кардам, ки ӯро фарёд кунад. Омад. Тамоман дигар шуда буд. Либосҳои аврупоӣ ва мӯйи кӯтоҳашро дида қариб нашинохтамаш. Салом кардем. Фарзона нописандона ба ман нигаристу бо авзои парешон:
-Ҳа, ин туӣ,-гуфта монд.
-Бале, ман маҷнуни девонаат,-гуфтам бо ханда,-аз пештара дида, зеботар шудаӣ, шаҳр ба ту форидааст!
-Беҳтараш он давраро фаромӯш кун! Ҳарчи байни мо буд, гузашт. Муҳаббатамон дӯстона буд, на ошиқона,-ба миёни гапам лагад зад Фарзона ва афзуд,-Ман дар ин ҷо азизи диламро ёфтам. Ба ана он ҷавон ба шавҳар мебароям. Нав аз деҳа халос шудам, намехоҳам дар қишлоқ шавҳар карда, боз ба ҳамон вайрона баргардам! Хайр, ман рафтам, боз дили кавалерам дур наравад!
Бо шунидани ин гап гӯё замин маро фурӯ бурд, дигар мадори роҳ гаштан надоштам. Бо дили абгор ба хона баргаштам.
Ба ҷавонон гуфтаниям, ки хеҷ гоҳ ба ишқи рӯякии духтарони имрӯза бовар накунанд, то мисли ман дар роҳи ишқ пешпо нахӯранд.
Абдуллои ноком