Дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия таъйин гардид. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф дар ин вазифа дотсент Ҷамила Раҳмоноваро иваз намуд.
Ба Ҷамила Раҳмонова дар ҷаласаи хос аз ҷониби ректори донишгоҳ сипоси зиёд барои хизматҳои чандсола гуфта шуд. Ҷамила Раҳмонова 20 майи соли 1964 таваллуд шуда, соли 1989 Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1983 ба ҳайси лаборанти шуъбаи тайёрии ДМТ оғоз намуда, дар вазифаҳои лаборанти калон, методист, ассистент, мудири кафедра ва ҷонишини декани факултети журналистикаи ДМТ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2012 инҷониб ҳамчун муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ фаъолият дошт.
Нилуфар Имомзода духтари собиқ вазири маориф ва илм ва собиқ ректори ДМТ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ аст. Ӯ 40 сол дошта, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2006 — 2008 дар кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии ДМТ ва сипас 2008 — 2010 дар шуъбаи ҳуқуқи Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон фаъолият дошт.
Солҳои 2010 — 2012 мутахассиси пешбари Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, 2012 — 2015 котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соли 2015 то таъин шудан дар мақоми муовини ректори ДМТ дотсенти кафедраи ҳуқуқи шаҳрвандии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва ҳамзамон мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст.
Нилуфар Имомзода соли 2022 дар мавзӯи «Роҳҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 1 монография мебошад.