Formula novemver 2024
Духтари дугонаамро келин карда, дар бало мондам
2049

 

Саломи худро ба ҳаводорон ва хонандагони сомона мерасонам. Ман ба наздикӣ писарамро бе хоҳиши худаш бо духтари дугонаам хонадор кардам. Азбаски дугонаам хеле зани чаққон, ҳунарманд,хоксору зиндагиқап аст, ӯро дида духтарашро хуш кардам. Фикр кардам, ки духтараш мисоли модараш босабру ботамкину боақл будагист. Модараш ҳам таъриф кард, ки духтарам хеле чаққон аст. Ба суханони дугонаам бовар карда, насанҷидаву надониста, ин духтари шаттоҳро келин кардам.Духтари 19-сола чунон бадзабон, нокора, ҷангараву қаҳркунак, хабаркашу иғвогар аст, ки бо феълу рафтораш дили писарамро сард гардонид. Аслан писарам духтари дигарро дӯст медошт, вале дӯстдоштааш аз ӯ каме калону шавҳардида буд, аз хамин сабаб ман барои издивоҷашон розӣ нашудам, харчанд шиносҳоямон ӯро ҳамчун ҷавонзани ботаҳаммулу боодоб таъриф мекарданд. Писари бечораам шаби тӯяш ба хотири ишқи аввалаш зор-зор гиря карда, гуфта буд, ки “очаҷон, ман ин духтарро ба хотири ту мегирам”. Писарамро тасаллӣ дода гуфта будам, ки баъди тӯй ҳамааш хуб мешавад. Аммо келини шаттоҳ аз шаби аввали тӯй нағмаҳояшро сар кард.Фақат хоб мераваду орову торо карда, телефон ба даст мегардад. Бо писарам барои телефонгириаш ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мекунанд.Ба модараш хабари дурӯғ расонида, дар қасами дурӯғ хӯрдан ҳамто надорад.Дар давоми ҳашт моҳи зиндагияш ману модарашро борҳо ҷанг андохта, аллакай ду бор қаҳр карда, ба хонаи очааш рафт. Дирӯз вақте ки ӯро барои хӯрок напухтанаш шавҳараш ҷанг кард, боз буғчаашро гирифта, ба хонаи модараш рафт.Дугонаам занг зада мегӯяд, ки гӯё ман духтари ӯро ба писарам рашк карда, ҷоду ва хунукӣ карда бошам. Келинам қасам хӯрдааст, ки аз таги болишташ тӯмор ёфтааст.

Хуллас, писарам мегӯяд, ки модар сари вақт аст, иҷозат диҳед аз ӯ ҷудо шавам. Ман дигар намедонам чӣ кор кунам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Таҳияи Ш.Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД