Formula novemver 2024
Духтари ғайбатчиро чӣ гуна ҷазо диҳем?
1101

Салом! Гулчеҳра ҳастам аз як деҳаи дурдасти ноҳияи Шаҳринав.

Дар деҳаи мо Нигина ном духтари ғайбатчӣ зиндагӣ мекунад. Кори ин духтар рӯзи дароз дар ба дари мардум гашта, хабарчинӣ кардан аст. Худашро меҳрубону ғамхор нишон дода, бо келинчакҳо ва занҳои ҷавон дугона мешавад ва сирру асрори мардумро кофта мегардад.

Нигина баъди ин, тугунчаи хабарҳояшро таги каш карда “духтари фалонӣ бо бачаи фалонӣ мегаштааст”, “зани фалонӣ ҳама чизу чораи хонаашро қулф карда, ба келинаш ҳатто нон намедодааст”, “фалон мардак дар болои занаш зан гирифтааст” гуфта, ба шӯрандозию алавмонӣ сар мекунад. Кори Нигина фақат келинро бо хушдоману янгаро бо қайсингил ва занро бо шавҳар ҷанг андохтан аст.

Аз рӯйи ин духтари ғайбатчӣ дар чанд оила ҷангу ҷанҷол сар зада, ҳатто баъзе мардҳои деҳа сари қаҳр занашонро талоқ доданд. Феъли бади Нигинаро ҳама донанд ҳам, боз ба гапҳояш бовар мекунанд. Рафтори ин духтар маро чунон ба ғазаб меорад, ки баъзан аз гиребонаш гирифта “ҳой аҷина, ту худат кӣ ҳастӣ, ки ба ҳаёти ҳама биниатро мехалонӣ, аввал як бор худатро дар оина бин” гӯям, вале боз истиҳола мекунам, чункидар синну сол аз вай хурдтар ҳастам.

Аслан, бояд занҳои калонсоли деҳа лаҷоми ин духтари лаққиро кашида монанд, вале онҳо хомӯширо пеша кардаанд. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД