arzon replenishment
Духтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ ба чанг афтиду...
1509

 

Чашм ало кардан ба моли ҳалоли дигарон ва дуздию ғоратгарӣ аз ҷумлаи бадтарин амалҳо ба шумор рафта, ҷазои сахте дар пай дорад. Худованд касонеро, ки даст ба ғоратгарӣ мезананд, лаънат кардааст, вале гуноҳи бузург будани дуздиро дидаву дониста, иддае аз одамони ба ном мусалмон даст ба ин амали нораво мезананд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як духтари ҷавон бо ҷурми дуздӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонии Вилояти Хатлон як ҷавонзани 23-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш гашта, ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Кормандони мақомоти милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар ин қазия як духтари ҷавони маҳаллиро, ки ҳамагӣ 18-сол дорад, дастгир кардаанд.

Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД