Васлида Сафарзода, духтараки 9-солаи нобино ва соҳибистеъдоди тоҷик, ки чанде пеш бо наворҳои сурудхониаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф шуд, ба яке аз орзуҳои калони худ расид. Ӯ пештар дар саҳифааш чанд мисраъ аз суруди машҳури «Чак-чаки борони баҳор»-ро сароида, гуфта буд, ки мехоҳад рӯзе ин таронаро дар паҳлуи Далер Назаров иҷро кунад. Акнун ин орзу амалӣ у два Васлида бо ҳунарманди дӯстдоштааш якҷо суруд хонд.
Мулоқоти таърихӣ
Навори вохӯрӣ ва сурудхонии Далер Назаров бо Васлида ҳазорон нафар мухлиси духтараки боистеъдодро ба ҳайрат овард. Ҳунарманди бузург Далер Назаров бо Васлида дар Аввалин фестивали эҳсонкорӣ дар шаҳри Душанбе ба ҳам во хӯрданд ва дар ҳузури ҳазорон нафар аз мухлисон суруди маъруфи «Чак-чаки борони баҳор»-ро сароиданд. Ин воқеа баёнгари қалби бузурги Далер Назаров аст.
Духтараке, ки бо вуҷуди маҳдудияти биноӣ тавассути овоз ва эҳсоси баланди мусиқӣ тавонист таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ҷалб кунад, акнун дар паҳлуи яке аз маъруфтарин чеҳраҳои мусиқии тоҷик Далер Назаров қарор гирифт.
Пештар Васлида дар яке аз наворҳои худ «Чак-чаки борони баҳор»-ро сароида ва орзуи вохӯрӣ ва сурудхонӣ бо Далер Назаровро баён карда буд. Худи суруд низ яке аз маъруфтарин таронаҳои эстрадаи тоҷик аст. Матни он ба қалами Лоиқ Шералӣ тааллуқ дошта, дар иҷрои Далер Назаров даҳсолаҳо боз маҳбубияти худро гум накардааст. Ин таронаро дар солҳои гуногун ҳунармандони дигар низ бозхонӣ кардаанд ва соли 2009 Далер Назаров онро дар Душанбе бо Юлдуз Усмонова низ якҷо иҷро карда буд.
Васлида чӣ гуна машҳур шуд?
Дар бораи Васлида Сафарзода дар шумораҳои гузаштаи “ОИЛА” маълумот дода будем. Моҳи августи соли 2026 пас аз паҳн шудани наворҳои сурудхониаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда маъруф шуд. Ӯ ҳамагӣ 9 сол дорад ва дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекунад.
Ҷолиб он аст, ки Васлида барои сохтани ритм аз ашёи одии рӯзгор истифода мекунад. Ӯ метавонад бо зарфҳои ошхона ё ҳатто пойафзол оҳанг бисозад ва баъдан суруд хонад. Ҳамин содагӣ ва табиӣ будани иҷроҳояш яке аз сабабҳои ҷалби таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.
Маъруфияти Васлида хеле зуд аз доираи Тоҷикистон ҳам берун рафт. Яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар ҳаёти ӯ дидор бо сарояндаи шинохтаи ӯзбек Насиба Абдуллоева буд. 24 августи соли 2026 Насиба Абдуллоева барои дидор бо Васлида ба Тоҷикистон омад ва онҳо дар шаҳраки Зарнисор суруди маъруфи «Баригал»-ро якҷо иҷро карданд.
Ин вохӯрӣ нишон дод, ки овози як кӯдаки боистеъдод метавонад ҳатто ҳунармандони маъруфи минтақаиро ба худ ҷалб кунад.
Далер Назаров – ҳунарманди беназир
Далер Назаров аз маъруфтарин сарояндагон ва оҳангсозони Тоҷикистон аст. Солҳои тӯлонӣ фаъолияти эҷодӣ дошта, таронаҳои зиёде офаридааст, ки то имрӯз шунавандагони худро доранд. Дар байни онҳо «Турки шерозӣ», «Эй парӣ», «Чак-чаки борони баҳор» ва чандин суруди дигар мавқеи хос доранд.
Мусиқии Далер Назаров танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд намондааст. Таронаҳои ӯро ҳунармандони Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигар низ иҷро кардаанд. Худи Далер Назаров дар як мусоҳибаи соли 2026 гуфта буд, ки «Чак-чаки борони баҳор»-ро дар кишварҳои гуногун одамоне ҳамроҳаш мехонанд, ки ҳатто забони тоҷикӣ намедонанд.
Суруде, ки наслҳоро мепайвандад
Ҳамин «Чак-чаки борони баҳор» аст, ки Васлидаи 9-соларо бо Далер Назаров пайваст.
Суруд солҳои зиёд аст, ки дар маҳфилҳо, барномаҳои ҳунарӣ ва иҷроҳои ҳаваскорон садо медиҳад. Онро сарояндагони маъруф низ бозхонӣ кардаанд.
Ҳоло «Чак-чаки борони баҳор» барои Васлида дигар танҳо суруди дӯстдошта нест. Он ба як саҳифаи муҳими зиндагии ӯ табдил ёфт.
Духтараке, ки чанд ҳафта пеш ин таронаро танҳо сароида, орзуи ҳамовоз шудан бо Далер Назаровро дошт, акнун дар паҳлуи худи ӯ суруд хонд.
БАХТОВАР