Arzon Navruz
ДУХТАРАК МАҚСАДИ ХУДКУШӢ ДОШТ Ё НОГАҲОН САРАШ ЧАРХ ЗАД?
03.08.2020
Р. Азимӣ
1620

Духтари 13-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург аз тиреза сарозер шуд, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд.

Шаҳрванди 13-солаи Тоҷикистон аз тирезаи манзили баландошёна сарозер шуд, хабар медиҳад "Невские новости" бо такя ба манбаъ дар мақомоти қудратӣ.

Ба гуфти шоҳиди ҳол, ки ёрии таъҷилиро даъват кардааст, духтарча дар лаби тиреза нишаста буд ва баробарии вазнашро нигоҳ дошта натавонист. Духтарчаи 13-сола аз ошёнаи 6-ум сарозер шуд.

Бо ҷароҳатҳои гуногуну вазнин, духтари тоҷик ба бемористон интиқол ёфт.
Муайян шудааст, ки духтарча дар ҷое таҳсил намекардааст.
Манбаъ афзуда, ки хонаводаи ин духтар дар қайди ягон ҷо набудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД